Тафсири Сураи Тур Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тур Ояти 39
اَمۡ لَـهُ الۡبَنٰتُ وَلَـكُمُ الۡبَنُوۡنَؕ ٣٩
Ам лаҳу-л-банату ва лакуму-л-банун. 39.
39. Оё Аллоҳро духтарон ва шуморо писарон аст?
Тавре дар боло гуфтем, худи мушрикон соҳиби духтар буданро нангу ор медонистанд. Вақте ақлу фаросати инсон то ин ҷост, чӣ ҳақ дорад ба пайғамбари Худо (с) чуну чаро созаду ӯро дурӯғгӯй шуморад ва ваҳйи илоҳиро инкор кунад?
Бо вуҷуди он, ки мушрикон дар баҳри ҷаҳлу бефаросатӣ фурӯ рафта, суханҳои аз ҳад беруни куфрона мезаданд, ҳазрати Расулуллоҳ (с) бо ҳалимӣ, нармию меҳрубонӣ онҳоро ба сӯи Аллоҳ даъват менамуданд. Дар даъвати худ аз осонӣ, соддагию фасеҳии дини мубини Ислом ҳарф мезаданд. Он ҳазрат (с) аз шунавандагони худ ҳеҷ тамаъ ва даъво надоштанд, ки чунин бузургӣ хоси паёмбарон аст. Интизор мерафт, ки мушрикон дар муқобили муносибати нарм муомилаи хуб дошта бошанд. Аммо баръакс, онон аз асли ҷаҳл фуруд намеомаданд. Билохира ояти зер нозил гашт:
Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «