Тафсири Сураи Тур Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тур Ояти 38
اَمۡ لَهُمۡ سُلَّمٌ يَّسۡتَمِعُوۡنَ فِيۡهِ ۚ فَلۡيَاۡتِ مُسۡتَمِعُهُمۡ بِسُلۡطٰنٍ مُّبِيۡنٍؕ ٣٨
Ам лаҳум сулламу-й ястамиъуна фӣҳ. Фа-л яъти мустамиъуҳум би султони-м мубӣн. 38.
38. Оё онҳоро нардбонест, ки бар он боло рафта (чизеро аз фариштагон) мешунаванд? Пас, (агар чунин бошад) бояд, ки шунавандаи онҳо далели зоҳире биёрад.
Ҳар гоҳ Расули Худо (с) ба панд додани онон мепардохт ва мегуфт, ки фиристода шудаам ба сӯи шумо бо мақсади расонидани ваҳйи илоҳӣ барои рушду ҳидояти шумо ба сӯи худошиносӣ ва наҷоти шумо аз оташи Ҷаҳаннам, онҳо мегуфтанд: «Ту дурӯғ мегӯӣ, ин ҳама бофта ва эҷоди худи туст». Аллоҳ таъоло мегӯяд, ки онҳо ба кадом асос чунин ёва мегӯянд? Магар онҳо нардбоне доранд, ки ба осмон баромада, Расули Аллоҳ набудани Он ҳазрат (с)-ро ва ваҳйи илоҳӣ набудани Қуръон ва гуфтаҳои ӯ (с)-ро шунидаанд? Агар касе аз онҳо ин хабарҳоро шунида бошад, пас он шунидаҳоро бо далелу бурҳон, чуноне ки Расули Мо (с) бе далелу бурҳону муъҷиза ҳарф намезанад, биёрад!!!
Азбаски Қуръон доимо боақида, фаҳмиши беасос ва ҷоҳилонаи мушрикони Макка мубориза мебурд, мушрикон (наъузубиллоҳ) мегуфтанд, ки фариштагон духтарони Худованданд. Ҳол он ки аз духтарони худ безор буда, онҳоро зинда ба зинда дар гӯр мекарданд. Бо ин амали даҳшатангез ваҳшоният ва ҷаҳолати бемисли худро исбот менамуданд. Ояти зер исботи гуфтаҳо ва кирдори мушрикон аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «