Сураи Тур Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тур Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тур Ояти 40

اَمۡ تَسۡـَٔـلُهُمۡ اَجۡرًا فَهُمۡ مِّنۡ مَّغۡرَمٍ مُّثۡقَلُوۡنَؕ ٤٠

Ам тас-алуҳум аҷран фа ҳум-м мим мағрами-м мусқалун. 40.

40. Оё аз онҳо (дар ивази рисолат) музде савол мекунӣ, пас, онҳо аз товон додан гаронбор шудаанд?

Яъне эй Муҳаммад (с), магар ту бар ивази таблиғи худ, ки Худованд туро ба он вазифадор кардааст, аз онҳо ягон музду подош талаб мекунӣ, ки пардохти он бар дӯшашон бисёр гарон омадаасту онро баҳона пеш оварда, даъвати туро қабул надоранд, ё ягон узри дигаре пеш меоранд? Ояти зер ин мазмунро идома медиҳад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тур Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тур Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)