Сураи Тур Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тур Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тур Ояти 41

اَمۡ عِنۡدَهُمُ الۡغَيۡبُ فَهُمۡ يَكۡتُبُوۡنَؕ ٤١

Ам ъиндаҳуму-л-ғайбу фа ҳум яктубун. 41.

41. Оё илми ғайб назди онҳост, пас, онҳо менависанд?

Барои ҳамагон чун рӯзи равшан маълум аст, ки илми ғайб танҳо маълуми Худованд аст. Модоме чунин бошад, пас мушрикон ба чӣ такя карда, Расули Худо (с)-ро дурӯғгӯй мешуморанд, ваҳйи илоҳиро қабул надоранд ва худро ҳақ мешуморанд? Магар онҳо назди худ «Лавҳулмаҳфуз»-ро доранд ва дурустиву нодурустии рисолати Муҳаммад (с)-ро навишта, муайян кардаанд? Ё мисли ҳабиби Аллоҳ (с) ба онҳо низ, аз ғайб ваҳй мерасад ва ҳақро барояшон баён месозад? Ҳаргиз чунин нашудааст, онҳо дурӯғгӯю гумроҳонанд. Ояти зер саволи дилкӯбкунандаи онҳост.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тур Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тур Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)