Тафсири Сураи Вокиъах Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Воқиъаҳ Ояти 23
كَاَمۡثَالِ اللُّـؤۡلُـوٴِالۡمَكۡنُوۡنِۚ ٢٣
Ка амсали-л луълуи-л макнун. 23.
23. Монанди донаҳои марвориди пинҳонӣ дар садаф,
Ҳурони биҳиштӣ калончашм буда, онҳо чунон зебою дилфиреб ва чашмхиракунандаанд, ки донаҳои марвориди дар садаф пинҳоншударо монанд. То ба ҷаннатиён тақдим шуданашон онҳоро ҳеҷ касе ҳамсуҳбат ҳам нагардидааст. Барои чӣ аҳли Ҷаннат ба ин қадар ҳурҳои зебочеҳраву мавзунқомат мушарраф гардиданд, ояти зер эзоҳ медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Воқиъаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «