Сураи Воқиъаҳ Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Вокиъах Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Воқиъаҳ Ояти 74

فَسَبِّحۡ بِاسۡمِ رَبِّكَ الۡعَظِيۡمِ ٧٤

Фа саббиҳ бисми Раббика-л Ъазӣм. 74.

74. Пас, ба покӣ ёд кун номи Парвардигори худро, ки аз ҳама бузург аст.

Аллоҳ таъоло ба Расулуллоҳ (с) мефармояд, ки мушрикони беақл аз рӯйи гумроҳӣ ба Парвардигор сифатҳои нолоиқро нисбат медиҳанд. Ту Офаридгори худро аз ҳамаи он сифатҳои нолоиқ пок дон ва ба покӣ ёд кун. Ӯ таъоло яккаву ягона аст, бар ҳама кор қодиру тавоност. Ба қудрати офаринши Худ тамоми махлуқотро офарид. Ҳамчунин анвоъи неъматҳоро пайдо кард ва онҳоро барои бандагонаш тобеъ гардонид. Ӯ аз тамоми айбу нуқсон пок аст.

Агарчи ин оят хитоб ба Расулуллоҳ (с) аст, ба умматони ӯ (с) низ, тааллуқ дорад, ки Парвардигори худро ба некӣ ва покӣ ёд кунанд ва аз хурофоту дурӯғбофӣ ва инкоркунӣ худро дур бигардонанд. Ҷои тааҷҷуб аст, ки инсон оятҳои далолаткунанда бар қудрату ваҳдонияти Аллоҳ таъолоро мехонад, вале тавре лозим аст, шукр, зикр, тасбеҳ, таъзим ва икроми Аллоҳро ба ҷо намеорад.

Акнун Қуръони карим бо ояти зер бузургии худро бо қасам таъкид намуда, таваҷуҳи моро дар навбати худ ба сӯи ситорагони Осмон ҷалб мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Воқиъаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Воқиъаҳ Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Воқиъаҳ Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)