Тафсири Сураи Вокиъах Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Воқиъаҳ Ояти 76
وَاِنَّهٗ لَقَسَمٌ لَّوۡ تَعۡلَمُوۡنَ عَظِيۡمٌۙ ٧٦
Ва иннаҳу ла қасаму-л лав таъламуна ъазӣм. 76.
76. Ва агар бидонед, албатта, ин қасам бузург аст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки нузули ин оят зиёда аз 14 аср муқаддам аст. Дар он давр тасаввуроти мардум дар бораи ситорагон агар маҳдуд буд гӯем, иншоаллоҳ, саҳв нахоҳад буд. Бо иродаи Худованд бо гузашти айём саъю кӯшиши олимон беҳуда нарафт. Илм тараққӣ кард. Асбобҳои дақиқи мушоҳида ва омӯзиши ситораҳо пайдо шуданд. Дар соҳаи ситорашиносӣ кашфиёти нав ва аҷоиби илмӣ ба даст омаданд. Онҳо дарки дурусти маънои бисёре аз оятҳои Қуръонро имконпазир гардониданд.
Ба хусус ҳоло инсоният аз бузургӣ, аҷоибот ва андозаи олами ситорагон кайҳон маълумоти бисёр дорад. Инчунин олимон медонанд, ки то ҳол қисми ночизе аз маълумотҳои кайҳониро медонанд, вале ин қисми ночиз онҳоро хеле ба ҳайрат андохтааст. Аз ин сабаб дар ин оятҳо (яъне 75 ва 76) мурод аз зикри ситораҳо ва аҳволи онҳо ишора ва тасдиқи бузургии Қуръони карим аст. Ҳар чӣ қадар инсоният соҳиби кашфиётҳои нав ба нав гардад, бо мурури замон маълум мегардад, ки Қуръон ба он кайҳон ишора кардааст. Аз ин сабаб Аллоҳ таъоло фармудааст, ки бидонед ин гуна қасамхӯрӣ қасами бузург аст. Агар сирри инро медонистед ҳар ойина, имон меовардед ва тасдиқ мекардед. Ояти зер ҷавоби қасам аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Воқиъаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «