Тафсири Сураи Вокиъах Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Воқиъаҳ Ояти 78
فِىۡ كِتٰبٍ مَّكۡنُوۡنٍۙ ٧٨
Фӣ китаби-м макнун. 78.
78. Навишта шудааст дар китоби пӯшида,
Яъне Қуръони карим дар китобе навишта шудааст, ки ҳамеша дар ҳифзу ҳимояи Парвардигор қарор дорад. Дар он ягон таҳриф, табдил, тағйир ва ботил роҳ наёфтааст. Ибни Аббос (р) мегӯяд: «Он лавҳул маҳфуз аст». Муҷоҳид мегӯяд: «Он Қуръон китобест, ки айни ҳол дар дасти мо қарор дорад ва он ба навиштаи лавҳул маҳфуз мувофиқ аст». Лавҳул маҳфуз ҳеҷ гуна тағйиротро набинад ва ба Қуръон низ, дигаргунӣ ҳеҷ гоҳ ворид нагардад. Зеро ваъдаи Аллоҳ таъолост, ки Қуръонро дар ҳимояи худ гирифтааст. Бинобар ин:
Рӯйхати оятҳои Сураи Воқиъаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «