Тафсири Сураи Ёсин Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 10
وَسَوَآءٌ عَلَيۡهِمۡ ءَاَنۡذَرۡتَهُمۡ اَمۡ لَمۡ تُنۡذِرۡهُمۡ لَا يُؤۡمِنُوۡنَ ١٠
Ва саваун ъалайҳим а-анзартаҳум ам лам тунзирҳум ла юъминун. 10.
10. Бар онҳо баробар аст, ки онҳоро битарсонӣ ё онҳоро натарсонӣ, имон намеоранд.
Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур ба Ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки ай Муҳаммад (с), агар ту ин гурӯҳ мардумро аз азоби рӯзи Қиёмат ва аз шармандагии он рӯз ва аз азоби дардноки Ҷаҳаннам битарсонӣ, хоҳ натарсонӣ, ба онҳо таъсир нахоҳад кард ва ба худ нахоҳанд омад. Панду мавъиза ва тарс додан ба дили зинда ва бедор таъсир мебахшад. Дили зинда, андарзро Қабул хоҳад кард. Диле, ки ғарқи муҳаббати дунё ва шаҳватҳои он гаштааст, дар шумори мурда аст. Чун дил ба ин сурат бимирад, сухани ҳаққ бар ӯ асар накунад! Бигзор панд шунидану нашунидан ва таъсир кардану накардани он барои онҳо як хел мақом дошта бошад, локин барои фиристодаи Худо (с) як хел нест. Он зоти бобаракат (с) барои даъвати онҳо саъю кӯшиш мекунад ва ба ислоҳи онҳо камари ҳиммат мебандад. Агар онҳо бо ин насиҳатҳо ба салоҳ наоянд ҳам мӯҷиби ҳидояти дигарон шуданашон мумкин. Ин мазмунро дар сураи «Бақара», ояти 6 вохӯрдан мумкин аст. Албатта, ин як лутфу меҳрабонӣ ва тасаллӣ аз сӯйи Аллоҳи меҳрубон ба ҳазрати Муҳаммад (с) аст, ки ҳақиқату майли дилҳои ин гурӯҳ ва иродаи онҳоро барояш кашф намуд…
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «