Сураи Ёсин Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 9

وَجَعَلۡنَا مِنۡۢ بَيۡنِ اَيۡدِيۡهِمۡ سَدًّا وَّمِنۡ خَلۡفِهِمۡ سَدًّا فَاَغۡشَيۡنٰهُمۡ فَهُمۡ لَا يُبۡصِرُوۡنَ ٩

Ва ҷаъална мин байни айдӣҳим садда-в ва мин халфиҳим саддан фа ағшайнаҳум фа ҳум ла юбсирун. 9.

9. Ва пеши рӯи онҳо ва аз ақиби онҳо деворе гардонидем, пас, ба чашмҳои онҳо парда андохтем, пас, онҳо ҳақро ҳеҷ намебинанд.

Шахсоне, ки аз рушду ҳидоят рӯйгардон шуда, сари худро ба сӯйи залолату ҳамоқат гардонидаанд, гӯё аз пеши рӯйю аз Қафои онҳо девори баланд бардошта шудааст, ки ҳеҷ ҷойро намебинанд. Яъне на назар ба умри гузаштаи худ мекунанд ва на дар фикри ояндаи худ ҳастанд. На аз насиҳат хулосаи фоидаовар мебароранду на худро ислоҳ мукунанд. Гуё онҳо дар чоҳи ҷаҳолат фурӯ рафта дигар садои наҷотдбахши панду мавъизаро намешунаванд. Онҳо зиндагиро аз рӯйи ақли солим арзёбӣ накарда, дигар намедонанд, ки барои чӣ халқ шудаанду кӣ онҳоро халқ кардаасту оқибат корашон ба чӣ анҷом хоҳад ёфт. Онҳо гуё байни пардаҳои гумроҳӣ даромада, дигар роҳи рушду ҳидоятро дарк карда наметавонад. Аз ин ҷо хулоса метавон кард, ки агар инсон дар ҷустуҷӯи ҳидоят ҳаракат нишон надиҳад ва дар фикри он набошад, Аллоҳтаоло ба чашмони ӯ гӯё парда задааст. Яъне ӯ чашм дорад, вале ҳақиқатро ба назари эътибор намебинад. Ин як мисоле буд барои онҳое, ки роҳи имонро гум ва ҳидоятро ба залолат бадал намудаанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)