Сураи Ёсин Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 11

اِنَّمَا تُنۡذِرُ مَنِ اتَّبَعَ الذِّكۡرَ وَخَشِىَ الرَّحۡمٰنَ بِالۡغَيۡبِۚ فَبَشِّرۡهُ بِمَغۡفِرَةٍ وَّاَجۡرٍ كَرِيۡمٍ ١١

Иннама тунзиру мани-т-табаъа-з зикра ва хашия-р-Раҳмана би-л-ғайб. Фа башширҳу би мағфирати-в ва аҷрин карӣм. 11.

11. Ҷуз ин нест, ки шахсеро тарсонида метавонӣ, ки пандро пайравӣ кунад ва бидуни дидан, аз Раҳмон (Аллоҳ) битарсад, пас, ӯро ба мағфират ва музди гиромӣ башорат бидеҳ.

Аллоҳтаъоло дар ин оят фармудааст, ки ай Муҳаммад (с), ин тарсу биме, ки ту ба онҳо аз ояндаашон медиҳӣ, башахсоне фоида мебахшад, ки онҳо ба ту ва Қуръон имон доранду ба он амал менамоянд. Барои шукронаи ин неъмати бузург (Қуръон), ки Аллоҳтаъоло ба онҳо арзонӣ намудааст, агарчи Аллоҳро надида бошад ҳам, ғоибона бо шунидан ба Ӯ имон меоранд. Аз Аллоҳи Раҳмон ва аз азоби Ӯ метарсанд. Чунин шахсон сазовори он ҳастанд, ки Расули Аллоҳ (с) ба онҳо аз омурзиши бузурги Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло башорат диҳад. Ҳамчунин лоиқ аст ба онҳо аз аҷри бузурги охират, ки он Ҷаннати пурнеъмат аст, мужда расонад.

Мусалмони ҳақиқӣ он аст, ки дар ҳолати танҳо, аз назари мардум дур, аз содир кардани гуноҳ худдорӣ мекунад. Аллоҳтаъолоро дар ҳама вақт хозиру нозир ва дар рафтору амали худ шоҳид медонад. Аз азобу ғазаби Ӯ таъоло метарсад.

Аллоҳтаъоло аҳволи гумроҳшудагонро баён намуд, пас ба баёни баъсу нушур гузашта чунин фармудааст…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)