Сураи Ёсин Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 14

اِذۡ اَرۡسَلۡنَاۤ اِلَيۡهِمُ اثۡنَيۡنِ فَكَذَّبُوۡهُمَا فَعَزَّزۡنَا بِثَالِثٍ فَقَالُـوۡۤا اِنَّاۤ اِلَيۡكُمۡ مُّرۡسَلُوۡنَ ١٤

Из арсална илайҳимуснайни фа каззабуҳума фаъаззазна би салисин фа Қолу инна илайкум-м мурсалун. 14.

14. Он гоҳ ба сӯи онҳо ду нафарро фиристодем, пас, он ҳар дуро дурӯғгӯ ҳисобиданд, пас, (он дуро) бо сеюм Қувват додем, пас, гуфтанд: «Албатта, мо ба сӯи шумо фиристодашудагонем».

Сухани Аллоҳтаъоло аст, ки дар аввал Мо ду нафарро ба сӯйи он Қавм барои амри маъруф ва наҳй аз мункар равон намудем. Онҳо бо як шитобзадагӣ фиристодагони моро дурӯғгӯй бароварда, ба изову масхара намудани онҳо пардохтанд. Мо бошем он ду расули худро бо расули саввум (Шамъун) Қувват додем. Расули севвуми Мо низ бо ҳамроҳии он ду нафари Қаблан фиристодаамон ба насиҳати он Қавми гумроҳшуда пардохтанд ва бори дигар таъкид намуданд, ки мо фиристодаи барҳаққи Аллоҳтаъоло ҳастем ва барои ҳидояти шумо омадаем. Қавми Антокия инро шунида ба фиристодаҳои Аллоҳ чӣ гуфтанд? Ҷавоби ин суолро ояти зер эзоҳ хоҳад дод.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)