Сураи Ёсин Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 15

قَالُوۡا مَاۤ اَنۡـتُمۡ اِلَّا بَشَرٌ مِّثۡلُـنَا ۙ وَمَاۤ اَنۡزَلَ الرَّحۡمٰنُ مِنۡ شَىۡءٍۙ اِنۡ اَنۡـتُمۡ اِلَّا تَكۡذِبُوۡنَ ١٥

Қолу ма антум илла башарум мислуна ва ма анзала-р-Раҳману мин шай-ин ин антум илла такзибун. 15.

15. (Мардумони Қария) гуфтанд: «Шумо ба ҷуз одамӣ (ба) монанди мо чизи дигаре нестед ва Худои Раҳмон ҳеҷ чизе фурӯ нафиристодааст ва шумо дурӯғ мегӯед».

Аҳли Қарияи Антокия ҷои иҷобати даъвати расулони Аллоҳ ба онҳо гуфтанд, ки шумо аз мо дида чӣ фазлу бартарӣ доред, охир шумо ҳам мисли мо инсони оддӣ ҳастед-ку?! Чӣ гуна бовар кунем, ки Аллоҳтаъоло ваҳйи худро маҳз бар шумо фирситоду бар мо не? Шумо аз ин кори худ даст кашед. Ӯ таъоло ҳеҷ кадоми шуморо назди мо ирсол надоштааст, шумо бошед, бо ҳам маслиҳат карда, дурӯғ бофтаед ва ин дурӯғи худро ба Худо нисбат медиҳед. Аз назди мо дур шавед! Мо шуморо ба ҷуз дурӯғгӯён дигар хел инсон гуфта наметавонем. Шуморо дар сифати расулони Аллоҳ намешиносем. Баъдан он расулон.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)