Сураи Ёсин Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 13

وَاضۡرِبۡ لَهُمۡ مَّثَلًا اَصۡحٰبَ الۡقَرۡيَةِ ‌ۘ اِذۡ جَآءَهَا الۡمُرۡسَلُوۡنَۚ ١٣

ВаЗриб лаҳум масалан асҳаба-л-Қаряти из ҷааҳа-л мурсалун. 13.

13. Ва барои онҳо достони мардуми деҳа (машҳури Антокия)-ро баён кун, чун ба он деҳа фиристодашудагон омаданд.

Яъне Офаридгор ба фиристодаи Худ фармуд, ки ай Расули Ман (с), онҳоеро, ки туро дурӯғгӯй баровардаанд, аз сарнавишти деҳаи Антокия, ки он як масали бисёр хуб ва ибратбахш аст, хабар деҳ. Онҳо ҳам фиристодаи Моро дурӯғгӯи бароварданд, ҷазои сазовори худро диданд. Деҳаи Антокия ба ақидаи аксари муфассирон дар кишвари Шом воқеъ будааст, аммо Ибни Касир (р) дар ин хусус эътирози худро баён намудааст. Бар ҳар тақдир, Ӯ таъоло ба мардуми он деҳа аввалан ду нафарро, ки Содиқ ва Масдуқ ном доштанд, равон намуд ва амр кард, ки Қавми деҳаро ба сӯйи роҳи рост ҳидоят намоянд. Аҳли деҳа туғён варзиданд ва ба балои осмонӣ гирифтор гардиданд. Худованд (ҷалла ҷалолуҳу) ба Ҳабиби Худ (с) фармуд, ки ҳарчанд Қавмат аз ахбори ту хулосаи зарурӣ набароранд ҳам, ту ба онҳо бифаҳмон, ки онҳо ҳам ба чунин азоб ва бало гирифтор хоҳанд шуд.

Ин муқаддимаро ояти зер давом медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)