Тафсири Сураи Ёсин Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 16
قَالُوۡا رَبُّنَا يَعۡلَمُ اِنَّاۤ اِلَيۡكُمۡ لَمُرۡسَلُوۡنَ ١٦
Қолу Раббуна яъламу инна илайкум ла мурсалун. 16.
16. (Он се нафар) гуфтанд: «Парвардигори мо медонад, ки албатта мо ба сӯи шумо фиристодашудагонем!
Расулон ақидаи он Қавми саркашро шунида гуфтанд, ки албатта, Аллотаъоло медонад, мо расулони Ӯ ҳастему ба сӯйи шумо фиристодашудаем. Шумо моро мепазиред, ё на, Ӯ таъоло хуб медонад, ки мо дар даъвои худ содиқ ҳастем ва аз худ ҳеҷ гуна суханеро бар шумо бор карданӣ нестем. Аз ин ҷост, ки Аллоҳтаъоло пай дар пай ҳаққонияти моро тасдиқ мекунад. Агар мо бар Ӯ таъоло тавре шумо мепиндоред, дурӯғ бандем, пас моро ба сахттарин уқубат азоб хоҳад кард.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «