Тафсири Сураи Ёсин Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 17
وَمَا عَلَيۡنَاۤ اِلَّا الۡبَلٰغُ الۡمُبِيۡنُ ١٧
Ва ма ъалайна илла-л балағу-л-мубӣн. 17.
17. Ва нест бар зиммаи мо, магар (барои шумо) ошкор пайғом расонидан».
Модоме шумо моро Қабул надоред, пас маълуматон бод, ки вазифаи мо фақат пайғоми Илоҳиро барои шумо расонидан аст, на чизи дигар! Агар ба сухани мо бовар намуда, ҳидояту роҳи ростро ёбед, саодатмандии дунё ва охират насиби шумост. Агар домани гумроҳӣ ва ҷаҳолатро сар додан нахоҳеду бар ақидаи ботили худ истодагӣ намоед, пас бидонед, ки бадбахтиро сазои худ донистаед! Хулоса, ҳарчанд расулони Аллоҳ бо мӯъҷизаҳо ба мисли зинда гардонидани мурдагон ва бо беморон (мисли песу шалу махав) бо дуои худ шифо бахшидан, аз сӯйи Аллоҳ фиристода шудани худро собит месохтанд, баръакс Қавми Антокия ба сӯйи нобоварию адоватварзӣ бештар майл менамуданду боз…
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «