Сураи Ёсин Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 23

ءَاَتَّخِذُ مِنۡ دُوۡنِهٖۤ اٰلِهَةً اِنۡ يُّرِدۡنِ الرَّحۡمٰنُ بِضُرٍّ لَّا تُغۡنِ عَنِّىۡ شَفَاعَتُهُمۡ شَيۡـــًٔا وَّلَا يُنۡقِذُوۡنِ‌ۚ ٢٣

А-аттахизу мин дуниҳи алиҳатан ий юридни-р-Раҳману би Зурри-л ла туғни ъаннӣ шафаъатуҳум шай-ав ва ла юнқизун. 23.

23. Оё ба ғайри Аллоҳ маъбудонеро ихтиёр кунам, ки агар Худои Раҳмон ба ман зиёне бихоҳад, шафоати онҳо аз ман чизеро дафъ накунад ва маро раҳонида натавонанд?

Ҳабиби наҷҷор мегӯяд, ки чӣ гуна ман ба ҷуз Аллоҳтаъоло дигареро маъбуд гирифта метавонам? Аз онҳо на суде ба миён меояду на зиёне! Ин бутҳоро Холиқи якто чунон хор гардонида аст, ки агар Ӯ Зоти пок бар ман ягон зарареро ирода кунад, аз дасти ин бутҳо ҳеҷ чиз намеояд. Агар ман шабу рӯз ин бутҳоро тоату ибодат кунам ва бо илтиҷову зорӣ аз онҳо ёрӣ бипурсам, чуноне ки санҷидам, на Қодиранд, ки ба ман дасти ёрӣ дароз кунанд, на аз азоби муқарраркардаи Аллоҳтаъоло маро шафоъат кунанд ва на наҷот диҳанд. Охир сангу чӯби беҷон чӣ гуна метавонанд инсонро шафоъат кунанд?

Ҳабиби наҷҷор дар идомаи суханаш мефазояд, ки то он ҷое, ки фаҳмидам, агар ғайри Аллоҳро ибодат кунам…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)