Сураи Ёсин Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 22

وَمَا لِىَ لَاۤ اَعۡبُدُ الَّذِىۡ فَطَرَنِىۡ وَاِلَيۡهِ تُرۡجَعُوۡنَ ٢٢

Ва ма лия ла аъбуду-л-лазӣ фатаранӣ ва илайҳи турҷаъун. 22.

22. Ва чӣ шудааст маро, ки бандагии он Зотеро накунам, ки маро офаридааст ва (ҳол он ки шумо низ) ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед?

Ҳабиби наҷҷор аз рӯйи дилсӯзӣ барои Қавми худ чизеро орзу мекунад, ки бар нафси худ онро мехоҳаду хостааст. Дар насиҳати ӯ як оҳанги маломат ва дилкубӣ дида мешавад. Вай мегӯяд, ки маро чӣ монеа буда метавонад, ки аз ибодати холиқам маро манъ созад ва ҳамчунин шуморо? Ҳол он ки бозгашти охири ҳамаи мову шумо ба сӯйи ҳамон Зоти покасту дар охират ҳар як нафс аз рӯйи он амале, ки дар дунё дошт, подош ё ҷазо мегирад!!!

Ҳабиби наҷҷор баҳсро ба Қавми худ идома дода хоҳишашро ҳамчу маломат ба онҳо фаҳмониданӣ шуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)