Тафсири Сураи Ёсин Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 27
بِمَا غَفَرَلِىۡ رَبِّىۡ وَجَعَلَنِىۡ مِنَ الۡمُكۡرَمِيۡنَ ٢٧
Би ма ғафаралӣ Раббӣ ва ҷаъаланӣ мина-л-мукрамӣн. 27.
27. Ки ба сабаби он Парвардигори ман маро бахшидааст ва маро аз зумраи икромкардашудагон гардонидааст».
Чун Ҳабиби наҷҷор ҷон ба ҳақ таслим намуд, Аллоҳтаъоло ба ӯ гуфт, ки бо ҳамроҳии шаҳидони аброр дохили Ҷаннат шав. Пас, Ҳабиби наҷҷор ворид Ҷаннат гардид. Чун аз неъматҳои он бархурдор шуд, орзу намуд, ки кош, ҳамқавмонаш ин мартабаву мақоми олиро медонистанд. Ай хонандаи ҳушманд, бубин ки Ҳабиби наҷҷор аз дасти Қавмаш ба ҳалокат расид, вале кинаву адоват нисбати онҳо надорад, балки орзу мекунад, ки кош, Қавмаш мефаҳмиданду ҳидоят меёфтанд ва аз ин неъмати бузург, яъне Биҳишти анбарсиришт бонасиб мегардиданд.
Хулоса, Ҳабиби наҷҷор ин марди сар то по шӯридаи тавҳиду имон дар ҳолати зинда буданаш ҳам андешаи наҷоти Қавми худ буд ва баъди шаҳодат ҳам орзу менамуд, ки кош, Қавми ман роҳи ҳидоятро медонистанд ва ин иззату икромро дар Биҳишт соҳиб мешуданд. Албатта, он чи Ҳабиби наҷҷор аз иззату икром барои худ дар Ҷаннат пайдо (маълум) намуд, агар Қавми ӯ инро медонистанд, ҳаргиз бар вай ҳуҷум намеоварданд.
Аз мазмуни ин оёт ва ҳадисҳо маълум мегардад, ки арвоҳи шуҳадо Қабл аз маҳшар (барпошавии Қиёмат) дохили Ҷаннат мегарданд. Таъкиди як чиз ин ҷо бисёр бамаврид аст, ки он се расули ба сӯйи Қавми Антокия фиристодашуда дар ҷодаи табобат маҳорати Худодод доштанд ва ба ҳар гуна мариз ба амри Аллоҳтаъоло шифо мебахшиданд.
Хонандаи мухлисам, мехоҳам бароят як нуктаи ақидавиро ин ҷо рӯшан бисозам. Тавре аз ояти 15-ум то ояти 25-ум ошноӣ пайдо намудед, мунозираи расулони Худо ва Ҳабиби наҷҷор ва Қавми Антокия аз забони онҳо баён гардидааст, инро набояд суханони онҳо донист, балки он ҳама каломи Аллоҳтаъоло буда, хабаре аз онҳост. Ҳар як ҳарфу калима ва ҷумлае, ки дар Қуръон дарҷ гардидааст, ҳама ва ҳама каломи Раббонист.
Ба Ҳабиби наҷҷор мағфирати Илоҳӣ ва биҳишти анбарсиришт насиб гардид, аммо Қавмаш ба чи ҳол гирифтор шуд? Ояти зер, ба ин савол посух аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «