Сураи Ёсин Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 3

اِنَّكَ لَمِنَ الۡمُرۡسَلِيۡنَۙ ٣

Иннака ламина-л мурсалӣн. 3.

3. Ки албатта, ту аз ҷумлаи пайғамбарон ҳастӣ,

Ин оят давом ояти Қаблӣ буда, дар он Аллоҳтаъоло фармудааст, ки ай Муҳаммад (с), ту аз ҷумлаи пайғамбарони мурсал ҳастӣ. Яъне дину шариъати ту назди Аллоҳ дуруст буда, барои ҳидояти халқ аз сӯйи Парвардигори оламиён фиристода шудаӣ. Ибни Аббос (р) мегӯяд: «Кофирони Қурайш мегуфтанд, ки ай Муҳаммад, туро Аллоҳ ба сӯйи мо нафиристодааст. Пас ин ояти карима нозил шуд ва Ӯ таъоло ба Қуръони маҳкаму азим Қасам ёд намуда гуфт, ки ё Муҳаммад, ту аз ҷумлаи расулон ҳастӣ».

Боз Аллоҳтаъоло фармуд, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)