Сураи Ёсин Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 4

عَلٰى صِرَاطٍ مُّسۡتَقِيۡمٍؕ‏ ٤

Ъала сироти-м мустақӣм. 4.

4. (Чун пайғамбарони гузашта ту низ) ба роҳи рост ҳастӣ.

Яъне ай Муҳаммад (с), он вазифае ки бар дӯш дорӣ, он тарғибу ҷорӣ кардани Ислом аст. Акнун бидон, ки он вазифаро пайғамбарони пеш аз ту омада ҳам, ба ӯҳда доштанд. Онҳо дину тавҳиди Илоҳиро ба мардум расонида тарғиб мекарданд. Монанди онҳо ту низ чунин амрро ба дӯш дорӣ ва ин роҳи пешгирифтаи ту ҳеҷ мунҳарифӣ надорад. Ту ва ҳамроҳону пайравони ту раҳсипори роҳи ростин ҳастед! Ҳеҷ як хатари мунҳариф шудан аз манзили мақсуд дар ту ва тобеони ту дида намешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)