Сураи Ёсин Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 37

وَاٰيَةٌ لَّهُمُ الَّيۡلُ ۖۚ نَسۡلَخُ مِنۡهُ النَّهَارَ فَاِذَا هُمۡ مُّظۡلِمُوۡنَۙ‏ ٣٧

Ва аяту-л лаҳуму-л-лайлу наслаху минҳу-н-наҳара фа иза ҳум-м музлимун. 37.

37. Ва яке аз нишонаҳо барои инсон шаб аст, ки аз он рӯзро мекашем, пас, ногаҳон онҳо дар торикӣ фурӯ мераванд.

Нишонаи дигаре, ки далолат ба Қудрати Аллоҳтаъоло мекунад, барои инсонҳо ин аст, ки рӯшноии рӯз бо сабаби фурӯ рафтани Офтоб чодар кашида (рабуда) мешавад ва то тулӯъи (навбатии) Офтоб инсонҳо дар иҳотаи пардаи торикии шаб мемонанд. Ин ивазшавии рӯзу шаб то вақте такрор меёбад, ки Худованд ирода кардааст.

Дар ин оят рамзест, ки дунё дар асл торик аст ва рӯшноӣ дар он муваққатӣ аст. Ҳар вақто нур бардошта шавад, дунё боз ба асли худ, ки зулумот аст, боқӣ мемонад. Аллоҳ донотар аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)