Сураи Ёсин Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 36

سُبۡحٰنَ الَّذِىۡ خَلَقَ الۡاَزۡوَاجَ كُلَّهَا مِمَّا تُنۡۢبِتُ الۡاَرۡضُ وَمِنۡ اَنۡفُسِهِمۡ وَمِمَّا لَا يَعۡلَمُوۡنَ‏ ٣٦

Субҳана-л-лазӣ халақа-л-азваҷа куллаҳа мим ма тунбиту-л-арЗу ва мин анфусиҳим ва мим ма ла яъламун. 36.

36. Пок аст Зоте, ки ҳама ҷуфтҳоро, аз он чи Замин мерӯёнад, офарид ва аз нафсҳои онҳо ва аз он чӣ ҳоло онҳо намедонанд.

Аллоҳтаъоло аз ҷамии айбҳо ва нуқсонҳо пок аст. Он чунон Аллоҳест, ки набототу махлуқотро ҷуфт халқ кардааст. Инро ба ғайри Ӯ таъоло дигар зот офарида наметавонад. Агарчи наботот аз як Замин рӯяд ҳам, маҳсули он аз рӯйи сифат, ширину турш, тунду талх ва ғайра ҳастанд. Инчунин шабу рӯз, равшанию торикӣ, хулоса, ҳама ашё ба ин сифат халқ шудаанд. Аз ҷумла инсонҳо ҳам ҷуфт халқ шудаанд. Он чи инҷо зикри худро ёфт, ашёе аст, ки халқ шуддаасту мо инсонҳо онро медонем, аммо махлуқоте ҳаст, ки мо онҳоро то ҳол намедонем. Онҳо низ ҷуфт офарида шудаанд. Ҳар ҷисм ё падидае, ки дар илми имрӯза кашф мегирдад, маълум мешавад, ки он ҷуфти худро дорад.

Хулоса, кулли ашё ҳаммонанду чуфти худро дорад, магар Холиқи махлуқот, ки аз чунин сифат пок аст.

Ин нукта дар шарҳи оятҳои дигар сураҳои гузашта низ баёни худро ёфтааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)