Тафсири Сураи Ёсин Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 38
وَالشَّمۡسُ تَجۡرِىۡ لِمُسۡتَقَرٍّلَّهَا ؕ ذٰلِكَ تَقۡدِيۡرُ الۡعَزِيۡزِ الۡعَلِيۡمِؕ ٣٨
Ва-ш шамсу таҷрӣ ли мустақарри-л-лаҳа. залика тақдӣру-л Ъазӣзи-л-Ъалӣм. 38.
38. Ва Офтоб ба Қароргоҳи худ равон аст, ин аст андозаи Ғолибу Доно.
Нишонаи дигаре, ки ба инсонҳо аз Қудрати комили Аллоҳтаъоло хабар медиҳад, ин аст, ки Офтоб дар фалак (мадор)-е, ки Аллоҳи ғолибу доно барои ӯ то Қиёмат андоза (муайян) кардааст, бе ягон саҳву хато ва бе ягон заррае таҷовуз аз хатти сайр, ҳаракат мекунад.
Парвардигор коинотро (ба истилоҳи дигар осмонҳоро чунон бузург офаридааст, ки ҳатто олимони асри ХХI аз муайян кардани андозаи он оҷизанд. Ана дар ҳамин Коиноти беандозаи бузург Офтоб мувофиқ ба меъёр ва андоза (яъне Қонун)-и аз тарафи Аллоҳтаъоло таъйиншуда, аз рӯйи суръат ва хатти (мадори) муайян ҳаракат мекунад. Тағйир додани меъёр ва боздоштани ҳаракати Офтоб танҳо ба иродаи Худованд вобаста аст. Тафаккур дар бораи ҷирмҳои кайҳонӣ (Ситорагон, Офтоб, сайёрагон, Маҳтоб в ғ.) ва Қонуниятҳое, ки дар илми кайҳоншиносӣ кашф шудааст, барои инсони оқил дар бораи мавҷудияти Офаридгори ягонаи онҳо, далели мустаҳкам аст.
Хулоса, хирадмандон бовар ва яқин карданд, ки Офаридгори олам дар мулки Худ Қодир ва дар чигунагии офаридаҳои (махлуқҳои) Худ олими беҳамто аст. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «