Сураи Ёсин Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 65

اَلۡيَوۡمَ نَخۡتِمُ عَلٰٓى اَفۡوَاهِهِمۡ وَتُكَلِّمُنَاۤ اَيۡدِيۡهِمۡ وَتَشۡهَدُ اَرۡجُلُهُمۡ بِمَا كَانُوۡا يَكۡسِبُوۡنَ‏ ٦٥

Ал-явма нахтиму ъала афваҳиҳим ва тукаллимуна айдӣҳим ва ташҳаду арҷулуҳум би ма кану яксибун. 65.

65. Имрӯз бар даҳонҳои онҳо муҳр мениҳем ва дастҳои онҳо ба Мо сухан мегӯянд ва пойҳои онҳо ба он амале, ки мекарданд, гувоҳӣ медиҳанд.

Рӯзи Қиёмат боз расвоии дигаре бар сари чунин тоифа гарон хоҳад буд. Агар чунин тоифа аз ҷурму гуноҳҳои худ ба забон иқрор кардан хоҳанд ё нахоҳанд, фарқе надорад. Зеро тавре Ӯ таъоло мефармояд, ба даҳони онҳо муҳр зада шудааст, яъне онҳоро ҳамчун гунг гардонида, ба дасту пою дигар аъзои онҳо амр карда мешавад, ки дар сухан дароянду, ба гуноҳҳои соҳиби хеш иқрор шаванд. Бо Қудрати Аллоҳтаъоло ҳама аъзои инсон ба сухан даромада, аз он чи дар дунё содир кардаанд, як-як маълумот хоҳанд дод.

Ибни Ҷарири Табарӣ аз Абӣ Мӯсои Ашъарӣ ривоят мекунад, ки дар он рӯз куффор (кофирон) ва мунофиқон барои ҳисобӣ шуданашон хонда мешаванд. Чун ба онҳо гуноҳҳояшон арз карда мешавад, мункир шуда мегӯянд: «Ай Парвардигор, Қасам ба Зоти поки Ту, он чи малоик ба номи ман навиштаанд, бар зидди ман аст. Ман чунину чунон накардаам». Пас малоик аз ӯ мепурсанд. «Оё дар фалон ҷо фалон корро накардӣ?». Муҷрим бар дурӯғи худ истодагарӣ карда мегӯяд: «Қасам ба иззати Ту, ман чунин гуноҳро накардаам». Чун аз ин густохии хеш боз намемонад, пас бар даҳони ӯ муҳр зада мешавад. Он гоҳ тавре дар боло ишора рафт, аъзои ӯ дар сухан даромада, ҷурму гуноҳҳои соҳиби худро як-як баён менамоянд.

Хулоса, барои ҳар инсон шоҳидии аъзояш кифоякунанда аст, ҳол он ки дигар шоҳидҳо ҳам ҳаст. Ба ин мазмун дар сураи «Саҷда» ду оят низ омадааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)