Тафсири Сураи Ёсин Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 66
وَلَوۡ نَشَآءُ لَـطَمَسۡنَا عَلٰٓى اَعۡيُنِهِمۡ فَاسۡتَبَقُوا الصِّرَاطَ فَاَنّٰى يُبۡصِرُوۡنَ ٦٦
Ва лав нашау ла тамасна ъала аъюниҳим фастабақу-с-сирота фа анна юбсирун. 66.
66. Ва агар хоҳем, чашмҳои онҳоро нобуд кунем, пас, ба сӯи роҳ шитоб кунанд, пас, аз куҷо бубинанд?
Зимни ояти мазкур, валлоҳу аълам, Ӯ таъоло фармудааст, ки Мо ба инсон ду чашми бино додем, то оятҳои Қуръонӣ ва нишонаву аломатҳои Қудрати Парвардигори худро дар олам бинаду фаҳмад. Роҳи ҳидояту саодати худро аз роҳи залолат фарқ гузорад. Ба роҳи мустақим, ки ӯро ба Ҷаннат мерасонад, шитобаду шукргузори неъматҳои Парвардигори худ бошад. Бинобар ин, Ӯ таъоло гуфтааст, ки агар хоҳем ба таври ҷазо дар ҳамин дунё, чуноне ки дар Қиёмат ба даҳони гунаҳкорон муҳр зада мешаваду дигар сухан гуфта наметавонанд, зоҳиран дилу чашмонашонро нобино месозем. Онҳо дигар роҳи ростеро ки ба Ҷаннат мерасонад, орзу кунанду барои дарёфти он шитоб намоянд ҳам, онро намеёбад. Локин чунин роҳ (роҳи рост) барои ӯ дар ҳамин дунё муҳайё аст ва ихтиёр бо ӯст, хоҳ худро шақӣ (бадбахт) гардонад, хоҳ саъид (некбахт).
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «