Тафсири Сураи Ёсин Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 69
وَمَا عَلَّمۡنٰهُ الشِّعۡرَ وَمَا يَنۡۢبَغِىۡ لَهٗؕ اِنۡ هُوَ اِلَّا ذِكۡرٌ وَّقُرۡاٰنٌ مُّبِيۡنٌۙ ٦٩
Ва ма ъалламнаҳу-ш-шиъра ва ма янбағӣ лаҳ. Ин ҳува илла зикру-в ва Қур-ану-м мубӣн. 69.
69. Ва ин пайғамбарро шеър гуфтан наёмӯхтем ва ӯро лоиқ (ҳам) нест. Он чӣ бар ӯ омӯхтем, ба ҷуз панд ва Қуръони ошкоро чизи дигаре нест.
Аллоҳтаъоло бори дигар Фиристодаи Худ (с)-ро аз чунин тӯҳматҳо ҳимоя карда, фармудааст, ки пайғамбари Мо шоир нест. Барои ӯ (с) ҷоиз нест, ки шоир бошад. Он чи ӯ (с) мегӯяд, Қуръони (каломи) Худост. Шеър суханҳои мавзун буда, аз хаёлоту ваҳмҳо сохта шудааст. Қуръон ин ошкоро сухани Аллоҳ аст, наметавон онро шеър номид, балки саропо панд аст. Қуръони карим аз монандсозӣ ба каломи башар бартар меистад. Шеър эҷоди инсон буда, аз нуқсон покиза нест. Як айби шеър ин аст, ки дар худ дурӯғро роҳ медиҳад. Ширинтарини он дурӯғтарини он аст. Каломи Раббонӣ бошад, аз ҳама нуқсон пок буда, ҳама ҳусн аст. Он чиро Он Ҳазрат (с) тиловат мекунад, ҳама панду насиҳати ошкорост. Қуръон зоҳиркунандаи ҳукмҳои шаръ аст.
Хулоса, Агарчи Муҳаммад (с) дабистон нарафта ва як мисраъ шеър эҷод накарда бошад ҳам, мушрикон ӯ (с)-ро шоир мегуфтанд, Фаразан савод меомухт ва ба шоирӣ ва саводноки машҳур мешуд, агарчанде ояти Қуръонро мехонд ҳам яқинан ё лоақал ба дили рақибони ӯ (с) шубҳа меомаду мегуфтанд: «Дар ин замоне, ки маҳорати шеър боло рафтааст, ӯ расо бо савод шудаасту шоир шудаву шерхонӣ мекунад». Хулоса, аз мазмуни ояти мазкур чунин бармеояд, ки вақто ӯ (с) тарҷумони лисони ҳақиқат аст, барои таъйиди худ ба шеър гуфтан чӣ эҳтиёҷ дорад? Аллоҳтаъоло Қуръонро ба Расули Худ (с) барои он омӯхт, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «