Сураи Ёсин Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 83

فَسُبۡحٰنَ الَّذِىۡ بِيَدِهٖ مَلَـكُوۡتُ كُلِّ شَىۡءٍ وَّاِلَيۡهِ تُرۡجَعُوۡنَ ٨٣

Фа субҳана-л-лазӣ би ядиҳӣ малакуту кулли шай-и-в ва илайҳи турҷаъун. 83.

83. Пас, пок аст он Зоте, ки салтанати (подшоҳии) ҳар чиз ба яди ӯст. Ва ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед.

Аллоҳтаъоло аз ҷамии сифатҳои нуқсон пок аст. Ӯ Аллоҳи бузургу олист, зеро тамоми зимоми олами улавӣ (боло) ва суфлӣ (поён)-ро тасарруф дорад. Бозгашти тамоми махлуқот барои ҳисобу натиҷагирӣ дар интиҳо, бе шакку шубҳа, танҳо ба сӯи он Зоти пок аст. Мукофоти амалҳо ваъдаи дӯстон асту ҷазо ваъиди душманон. Инҳо (душманон)-ро сахт азобкунандаасту онҳо (дӯстон)-ро муждаи «Хуш бодо бозгашти нек» диҳанда! Аллоҳтаъоло ба ҳамин тариқ бо шаш далели дар ин сура ҷойдошта Қудрату тавоноии Хешро ба тамоми оламҳо баён намуд, ки ҳама ашё дар зери тасарруф ва ҳукми Ӯ Қарор доранд.

Поку бобаракат аст он Зоте, ки дар каломи Ӯ ҳидояту шифо ва нур аст!

Поёни сураи «Ёсин» ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Соффот – Тафсири Осонбаён (Қуръон)