Тафсири Сураи Ёсин Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 82
اِنَّمَاۤ اَمۡرُهٗۤ اِذَاۤ اَرَادَ شَیْــٴً۬ــا اَنۡ يَّقُوۡلَ لَهٗ كُنۡ فَيَكُوۡنُ ٨٢
Иннама амруҳу иза арода шай-ан ай яқула лаҳу кун фа якун. 82.
82. Ҷуз ин нест, ки чун Аллоҳ офаридани чизеро бихоҳад, амр ин аст, ки ӯро гӯяд: «Шав!», пас, мешавад.
Амри Аллоҳтаъоло дар забони арабӣ аз ду ҳарф «коф» ва «нун»-«кун» иборат аст, ки маънояш “шав” аст. Вақте ки иродаи Аллоҳтаъоло барои офаридани чизе бошад, амр кунад, бе ягон машаққат он пайдо мегардад. Барои Ӯ таъоло дар офаридан на меҳнат асту на кулфат. Тафовут надорад, ки офаридашаванда бузург аст ё хурд, аввалин бор офарида мешавад ё дуввум бор. Ҳама ба иродаи Аллоҳтаъоло вобаста аст ва чун бигӯяд «Шав!» дарҳол он ба вуҷуд меояд.
Дар ин масъала дар сураи «Исро» баҳси тӯлонӣ вуҷуд дорад, ки хонандаи мухлисам маълумоти бештарро он ҷо ҳосил хоҳӣ кард.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «