Сураи Соффот – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Соффот / Саффот – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи «Соффот» Сураи 37-уми Қуръон буда, дар Макка нозил шуда аз 182 оят иборат аст.

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Ин сура ба мисли сураҳои дар Маккаи муаззама нозилшуда низ аслу ақоиди исломиро мавриди баррасӣ Қарор дода, ақидаву имони муъминонро комилу бехалал мегардонад. Ба ибораи дигар: Ҳадафи асосии ин сура ба мисли сураҳои маккагӣ аст, ки ҳадафу мазмуну мақсади ҳамаи онҳо аз баёни рукнҳои ақидаи динӣ иборат буд.

Валлоҳу аълам, «Соффот» ном мондани ин сура ба ин мақсад аст, ки бандагонро аз олами боло панд диҳад. Аз ҷумла, аз фариштагоне, ки аз ҳар гуна гуноҳ поканду шабу рӯз ба ибодати Аллоҳ машғул буда, як нафас аз тоату ибодати он Зоти пок ғафлат наварзида, ба иҷрои вазифаҳои барояшон муайяншуда машғулу мукаллафанд, сухан меравад.

Сура бо зикри фариштагони аброр оғоз гардида, хусусан аз фариштагони сафкашида сухан мекунад, ки доимо ба гузаронидани намоз хеш Қоиманд ва ҳофизу мунтазиру амини амри Парвардигоранд.

Дар давоми сура аз ҷинҳо ёд мешавад, ки ҷинҳо чун ба суи осмон барои дуздидани хабарҳои ғайбӣ ҳаракат карданд, шиҳоби ситорагон онҳоро сӯзонда, маҳв менамояд. Бо ин нукта ақидаи аҳли ҷоҳилият, ки мегуфтанд «Байни Аллоҳ ва ҷинҳо Қаробату наздикӣ вуҷуд дорад» ботилу беасос мегардад. Ин як ақидаи ботиле ҳаст, ки фолбинону соҳирон дар фикри худ онро парварида, бо ҷинҳо ҳамкорӣ мекунанд. Ин ақида билкул хилофи ояти 60-уми сураи «Есин» аст, ки мегӯяд: «Шайтон барои шумо ошкоро душман аст!»

Баъдан дар ин сураи муборак доир ба зинда гардонидани баъд аз миронидан, рӯзи Қиёмат, ҷазои онҳое, ки омадани чунин рӯзро инкор мекунанд, таъкидан сухан меравад.

Қиссаи фарди муъмину шахси кофир баён гардида, оқибати кори онҳо маълум карда мешавад. Муъмин бар ивази амалҳои неки худ аз Биҳишти анбарсиришт маъво мегираду кофир ба азоби доимии Дӯзах гирифтор мешавад.

Бо мақсади ба сӯи ваҳдату ҳидоят ва роҳи рост таҳрик додани бандагон аз рӯзгори пайғамбарони гузашта ба мисли ҳазрати Нӯҳ (а), Иброҳим (а), Исмоъил (а), ҳазрати Мӯсо (а), Ҳорун (а), Илёс (а) ва Лут (а) ёд мешавад. Дар баробари ин падидаи «Ал-имону вал-Ибтило» (яъне боварии ниҳоят мустаҳкам (доштан) ва ба имтиҳон гирифтор шудан)-ро ба тафсил зикр месозад. Ҳамчунин Қиссаи хоб дидани ҳазрати Иброҳим (а) ва кушиши Қурбонӣ кардани ҳазрати Исмоъил (а) бо услуби хос, ки дар ин сура истифода шудааст, баён гардида, таълим медиҳад, ки Аллоҳтаъоло бандагони дӯстдоштаи худро мавриди имтиҳону санҷиши сахт Қарор медиҳад. Сураи мазкур барои ҳушдори падарон аз вафодорию сарсупурдагии Иброҳими Халилуллоҳ, ки барои иҷрои амри Парвардигори худ бо ҷону дил омодааст, ҳатто фарзанди ягонаи худро Қурбон бисозад, сухан мекунад. Инчунин барои фарзандон аз рӯзгори фарзанди ҳазрати Иброҳим (а) Исмоъил (а), ки Қиблагоҳи хешро барои ҳарчи тезтар адо кардани амри Парвардигор илҳом мебахшад ва мегӯяд, ки на як ҷон, ҳатто сад ҷон бошад, дар роҳи Аллоҳ фидо сохтам, панди аҷибе медиҳад. Хонандаи борикбин, бо ин гуфтанӣ нестем, ки шумо ҳам фарзандони худро Қурбон бисозед. На, мурод ин аст, ки он чиро Аллоҳтаъоло амр кардааст, ба ҷон бояд пазируфт ва барои иҷрои аҳкому аркони шариат ҷоннисорӣ бояд намуд. Одати инсон ин аст, ки моли худро дӯст медорад, вале аз мол болотар дарёфти ризои молдиҳанда, яъне Аллоҳтаъоло аст. Пас мусаллам аст, ки аз моли худ барои адои Қурбонӣ, закот, садақаи фитр ва ғайра гоҳ-гоҳ сарф намоӣ. Фаромӯш насозӣ, ки молу сарвату дороӣ ҳама аз сӯи Офаридгор барои имтиҳон ба банда дода шудааст. Ҳар ки бандаи мухлис аст, ин имтиҳонотро ба ихлоси том ҳамчу ҳазрати Иброҳим (а) ва Исмоъил (а) лаббайк гуфта, ба иҷрои он амр мекӯшад ва иншоаллоҳ, кушоиш аз тарафи Ӯ таъоло ба ӯ мерасад.

Сураи карима ба он анҷом меёбад, ки Аллоҳтаъоло анбиё ва авлиёи Худро дар дунё ва охират нусрат (ёрӣ) медиҳад. Зеро саодати дорайн (ду дунё) барои парҳезгорон аст. Инсони оқил аз рафтори анбиё ва авлиёи Худованд ибрат гирифта, ба мисли онҳо дар ба ҷо овардани амрҳои динӣ бояд саъю кӯшиши балиғ намояд

Ин буд нигоҳи мухтасар, аз мундариҷаи сураи «Соффот».


Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Соффот Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)