Тафсири Сураи Юнус Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юнус Ояти 13
وَلَقَدْ أَهْلَكْنَا الْقُرُونَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَمَّا ظَلَمُوا ۙ وَجَاءَتْهُمْ رُسُلُهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ وَمَا كَانُوا لِيُؤْمِنُوا ۚ كَذَٰلِكَ نَجْزِي الْقَوْمَ الْمُجْرِمِينَ ١٣
Ва лақад аҳлакна-л-қуруна мин қабликум ламма заламу ва ҷаатҳум русулуҳум би-л-баййинати ва ма кану ли юъмину. Казалика наҷзи-л-қавма-л муҷримӣн. 13.
13. Ва ҳаройина, ҷамоъатҳоеро, ки пеш аз шумо ситам карданд, ҳалок кардем ва ҳол он ки пайғамбарони онҳо нишонаҳои равшан ба онҳо оварданд ва онҳо ҳаргиз омода набуданд, ки имон оранд. Ҳамчунин гурӯҳи гунаҳгаронро ҷазо медиҳем.
Ояти мазкур барои куффори Макка ва шахсоне, ки ба пайғамбарон хусусан ба хотами пайғамбарон Муҳаммади Мустафо (с) имон надоранд, ҳушдори шадид буда, бо такид хабар додааст, ки ай куффори Макка, дар ҳақиқат дар қарнҳои гузаштаи пеш аз шумо ва пеш аз пайғамбари шумо барои ҳидояти мардуми он вақт аз тарафи Аллоҳ пайғамбарон омаданд. Онҳо барои тасдиқи ростии сухани худ муъҷизаҳои ошкор доштанд. Локин аксари мардум онҳоро бовар накарданд. Вақто ки роҳи имондорӣ дар назарашон душвор намуд, лутфи Худованд аз сари онҳо дур шуд. Алайҳи пайғамбарон дар эҷоди гуноҳу нофармонӣ ҷуръат карданд ва бар худ ситам карданд. Дар натиҷа ҳамаи онҳоро бо балоҳои гуногун ба ҳалокат расонидем. Давоми ояти мазкур барои аҳли Макка ваъид (ваъдаи азоб) буда, гуфтааст, ки инчунин касонеро, ки мисли онҳо пайғамбарони Аллоҳро дурӯғ ҳисобанд ва дар гуноҳ ғӯтавар шаванд, ҷазо медиҳем. Ин мазмунро ояти зер идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «