Тафсири Сураи Юнус Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юнус Ояти 14
ثُمَّ جَعَلْنَاكُمْ خَلَائِفَ فِي الْأَرْضِ مِنْ بَعْدِهِمْ لِنَنْظُرَ كَيْفَ تَعْمَلُونَ ١٤
Сумма ҷаъалнакум халаифа фи-л-арЗи мин баъдиҳим ли нанзура кайфа таъмалун. 14.
14. Сипас, шуморо дар Замин, пас аз онҳо ҷойнишини гузаштагон гардонидем, то бубинем чӣ гуна кор мекунед.
Дунё майдони имтиҳон аст. Худованд дар ин оят фармудааст, ки ай касоне, ки ба сӯйи шумо Муҳаммад (с) дар сифати пайғамбарӣ фиристода шуд, Мо шуморо дар рӯйи Замин ҷойнишини он қавмҳои ҳалокшудаи қарнҳои гузашта, ки хабари ҳалоки онҳоро шунидед ва нишонаи макони харобшудаи онҳоро дидед, гардонидем, то бингарем, шумо чӣ гуна рафтор мекунед. Оё амали хайр анҷом медиҳед ё амали шарр? Оё дар куфру туғён пайи онҳо меравед ва ё тобеъи аҳли эҳсону хайр мешавед? Инро бояд бидонед, ки ҳар чи гуна ки амал мекунед, мувофиқи амалҳои анҷомдодаатон ба шумо рафтор мешавад. Чунин маъно дар ояти 2-юми сураи “Мулк” низ такрор мешавад.
Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд:
«Бе гумон, дунё ширину сабзу дилбар аст. Худованд шуморо дар он ҷойнишини гузаштагон гардонидааст. Пас, нигаред, ки шумо чӣ гуна дар он амал мекунед. Аз дунё ва аз фитнаи занҳо бипарҳезед. Зеро аввалин фитнае, ки бани Исроил гирифтор шуданд аз занҳо буд».
Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «