Тафсири Сураи Юнус Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юнус Ояти 23
فَلَمَّا أَنْجَاهُمْ إِذَا هُمْ يَبْغُونَ فِي الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ ۗ يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّمَا بَغْيُكُمْ عَلَىٰ أَنْفُسِكُمْ ۖ مَتَاعَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۖ ثُمَّ إِلَيْنَا مَرْجِعُكُمْ فَنُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ ٢٣
Фа ламма анҷаҳум иза ҳум ябғуна фи-л-арЗи би ғайрил ҳаққ. Йа айюҳа-н насу иннама бағюкум ъала анфусикум-м матаъа-л ҳаёти-д-дунйа. Сумма илайна марҷиъукум фа нунаббиукум би ма кунтум таъмалун. 23.
23. Пас, чун онҳоро наҷот дод, ногаҳон, ба ғайри ҳақ дар Замин ситам мекунанд. Эй мардум, ҷуз ин нест, ки ситами шумо бар нафсҳои шумост, баҳраи зиндагонии дунёро ёфтед, боз бозгашти шумо ба сӯйи Мост, пас, шуморо ба он чӣ мекардед, хабардор мекунем.
Аммо ҳангоме ки Аллоҳтаъоло онҳоро аз ин вартаи ҳалокат халос мекунаду ба соҳили наҷот мерасонад, боз дар рӯйи Замин ноодилона даст ба фисқу фасод ва зулму ситам мезананду корҳои гуноҳ мекунанд. Агар дуо кунанд, боз ғайри Худоро дар дуояшон ҳамроҳ мекунанд. Аллоҳтаъоло кирдори чунин тоифаро рад намуда гуфтааст, ки ай мардум, бидонед, ки ҳар гуна зулму ситаме, ки мекунед, аз роҳи ҳақ рӯ мегардонед, зарару зиёни ҳамаи инҳо ба худи шумо бармегардад. Охирин кореро, ки метавонед анҷом диҳед, ин чанд рӯз аз зиндагии ин дунёи фонӣ баҳраманду бархӯрдор шудани шумост.
Хоҳед ё на, дар охир баргашти ҳамаи шумо ба сӯйи Мост. Онгоҳ шуморо аз он чи ки дар дунё анҷом додед, огоҳ хоҳем кард, агар амалҳои шумо хайр бошанд, пас бояд Худоро шукр гӯед, агар амалҳои шумо шар (бад) бошанд, ҳар кас худашро бояд маломат кунад. Дар ҳадиси шариф омадааст, ки «Ҳеҷ гуноҳе аз қатъи силаи раҳм ва зулм сазовортар ба он нест, ки ба зудӣ Худованд ба соҳиби онҳо вуболи онҳоро бичашонад, ҳамроҳи он ки Аллоҳтаъоло ин гуноҳро захираи охирати ӯ низ гардонидааст». Дар ҳадиси дигаре аз Оиша (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «Ҳар касе ин се хислатро дошта бошад, гуноҳи онҳо бар зиёни онҳост.
1-ум. Зулм.
2-юм. Аҳдшиканӣ.
3-юм. Фиребкорӣ».
Аз мазмуни ин ду оят барои касоне, ки даъвои исломдорӣ доранд, ибрати бузург аст. Ривоят аст, ки писари Абӯҷаҳл Икрима (р) пас аз фатҳи Макка низ мусалмон нашуда, аз Макка по ба фирор гузошту сафари дарёро ихтиёр кард. Ҳанӯз андаке нарафта буд, ки киштӣ ба тӯфони пурталотум гирифтор шуд. Маллоҳ ба киштинишастагон гуфт: “Шумо Худои ягонаро дуо кунед, аз дасти маъбудони сохтаи шумо ҳоло чизе намеояд.” Икрима (р) гуфт: “Ин ҳамон Худоест, ки Муҳаммад (с) моро ба сӯйи Ӯ мехонд, аз дарё ҷуз бо дастгирии Парвардигори Муҳаммад (с) наметавон наҷот ёфт, дар хушкӣ низ бе ёрии Ӯ наҷот маҳол аст. Худоё! Агар аз ин мусибат маро наҷоти диҳӣ, ман боз мегардам, даст ба дасти Муҳаммад (с) мениҳам. Аз Холиқи карими хеш умедворам, ки аз тақсироти ман даргузарад.” Чун Аллоҳ ӯ (с)-ро наҷот бахшид, ӯ (р) ба хизмати Расулуллоҳ (с) ҳозир шуд ва ба Ислом мушарраф гардид. (Тафсири Кобулӣ)
Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «