Сураи Юнус Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Юнус Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Юнус Ояти 24

إِنَّمَا مَثَلُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا كَمَاءٍ أَنْزَلْنَاهُ مِنَ السَّمَاءِ فَاخْتَلَطَ بِهِ نَبَاتُ الْأَرْضِ مِمَّا يَأْكُلُ النَّاسُ وَالْأَنْعَامُ حَتَّىٰ إِذَا أَخَذَتِ الْأَرْضُ زُخْرُفَهَا وَازَّيَّنَتْ وَظَنَّ أَهْلُهَا أَنَّهُمْ قَادِرُونَ عَلَيْهَا أَتَاهَا أَمْرُنَا لَيْلًا أَوْ نَهَارًا فَجَعَلْنَاهَا حَصِيدًا كَأَنْ لَمْ تَغْنَ بِالْأَمْسِ ۚ كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ ٢٤

Иннама масалу-л-ҳайати-д-дунйа камаин анзалнаҳу мина-с самаи фахталата биҳӣ набату-л-арЗи мимма яъкулу-н насу ва-л-анъаму ҳатта иза ахазати-л-арЗу зухруфаҳа ва-з-зайянат ва занна аҳлуҳа аннаҳум қадируна ъалайҳа атаҳа амруна лайлан ав наҳаран фа ҷаъалнаҳа ҳасӣдан каа-л лам тағна би-л-амс. Казалика нуфассилу-л-айати ли қавми-я ятафаккарун. 24.

24. Ҷуз ин нест, ки сифати зиндагонии дунё монанди обест, ки онро аз осмон фуруд овардем, пас, ба сабаби он об рӯиданиҳои Замин аз он чӣ мардум ва чаҳорпоён мехӯранд, дар ҳам биёмехт, то вақте ки Замин зинати худро фаро гирифт ва ороста шуд. Ва сокинони он гумон карданд, ки бар нафъи он тавоноянд, ногаҳон фармони Мо дар шаб ё рӯз биёмад. Пас, гардонидем онро аз бехубун дуршуда, гӯё дирӯз ҳеҷ набуд. Ҳамчунин нишонаҳоро барои гурӯҳе ки андеша мекунанд, баён мекунем.

Аллоҳтаъоло дар ин оят, то ин ки пардаи ғафлату ғурур аз дидгоҳи ғофилон ва туғёнгарон канор равад ва барои онҳо равшан шавад, ки дунё зудгузар асту фиребанда ва на сарваташ доимӣ ҳасту на дори наҷоту саломатӣ аст, воқеияти онро баён кардаву бо овардани мисол фикрҳоро ҷалб намуда гуфтааст, ки мисоли зиндагии дунё монанди обест, ки мо онро аз осмон бар сарзаминҳо мерезем ва ба василаи он гиёҳони гуногунро, ки баъзе аз онҳо мавриди истифодаи инсонҳо ва баъзе аз онҳо қобили истифодаи ҳайвонҳо қарор мегиранд, мерӯёнем. Замин баъди рехтани борон сабзу хуррам мешавад.

Гиёҳҳо дар партави нури Хуршед баъзе тиллоранг, баъзе нуқраранг қисме ёқутранг, навъе зумрадранг ва ғайра мешаванд. Бо вазидани шамол онҳо ба рангҳои хосси худ ҷилва мекунанд. Шукуфаҳо шохаҳоро зинат медиҳанд, гулҳо гӯё механданд. Хулоса, саҳнаи зиндагӣ бо тамоми маъно худро ошкор месозад ва дилҳо пур аз умеду чашмҳо пур аз шодӣ мешаванд. То он ҷое ки аҳли Замин чун ин саҳнаҳоро мебинанд, дили онҳо мутамаин мегардад. Яъне онҳо умед мекунанд, ки аз ҳосили растаниҳо метавонанд ба қадри бояду шояд баҳравар шаванд.

Локин ғайри чашмдошти онҳо шаб ё рӯз фармони (офати) Аллоҳтаъоло дар мерасад, (мисли тӯфони бод ё жола ё ҳуҷуми малах ва ғайра) он завқу барқи Заминро чунон дарҳаму барҳам мезанаду яксон мекунад, ки гӯё дирӯз онҳо буданд ё набуданд. Чунин аст мисоли дунё, ки чанде зебо ва хуррам ба назар ҷилва мекунад, бехирадон ба ҷамоли он дил баста мафтун мешаванду ҳақиқатро фаромӯш мекунанд, ҳол он ки ин оростагии дунё чанд рӯзе беш нест.

Аллоҳтаъоло дар ҷумлаи охир гуфтааст, ки чуноне ки бо мисол овардан ҳаёти дунёро баён кардем, ҳамчунин оятҳои худро барои қавме, ки тафаккур мекунанду панд мегиранд, мисолҳо оварда баён мекунем, то ин ки онҳо ҳақиқати нобудӣ ва табоҳии дунёро пай баранду ибрат гиранд ва фаҳманд, ки дунё на ҷойи амният асту на мақому сарваташ поянда!

Ояти баъдӣ дар бораи маконе хабар медиҳад, ки сифаташ муқобили сифати дунё аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Юнус Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Юнус Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)