Тафсири Сураи Юнус Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юнус Ояти 3
إِنَّ رَبَّكُمُ اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ ثُمَّ اسْتَوَىٰ عَلَى الْعَرْشِ ۖ يُدَبِّرُ الْأَمْرَ ۖ مَا مِنْ شَفِيعٍ إِلَّا مِنْ بَعْدِ إِذْنِهِ ۚ ذَٰلِكُمُ اللَّهُ رَبُّكُمْ فَاعْبُدُوهُ ۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ ٣
Инна Раббакумуллоҳу-л-лазӣ халақа-с-самовоти ва-л-арЗа фӣ ситтати аййомин суммаставо ъала-л-ъарш. Юдаббиру-л-амр. Мо мин шафӣъин илло мин баъди изниҳ. золикумуллоҳу Раббукум фаъбудуҳ. А-фа ло тазаккарун. 3.
3. Ҳаройина, Парвардигори шумо Худоест, ки осмонҳо ва Заминро дар муддати шаш рӯз офарид, боз бар Арш мустақар шуд, тадбир мекунад корро, ҳеҷ шафоъаткунандае нест, магар бо иҷозаи Вай. Ин аст Худо Парвардигори шумо. Пас, Ӯро бипарастед! Оё панд намегиред?
Чуноне ки дар ояти 54-уми сураи “Аъроф” гузашт, Аллоҳтаъоло дар ин оят ҳам бо таъкид аз масъалаҳои асосӣ хабар дода гуфтааст, ки Парвардигори шумо, ки Парвардигори ҷамиъи оламҳо низ ҳаст, Ӯ зотест, ки коинот (осмонҳо ва Замин)-ро дар шаш рӯз офарид. Сипас (бе ташбеҳ ва бе таътил бо он тарзе, ки дар тафсир ва фаҳми он ақли банда оҷиз асту лоиқ ба худи Ӯст) бар Арш муставӣ шуд ва зимоми умури тамоми коинотро дар ихтиёри Худ гирифт. Баъзе аз муфассирон гуфтаанд: Дарозии як рӯзи ин шаш рӯз, чунон ки дар сураи “Ҳаҷ”, ояти 47-ум хабар додааст, ба ҳазор сол баробар аст.
Аллоҳтаъоло қодир аст дар як мижа задан ҳамаи коинотро биёфарад, локин ҳикмати дар ин шаш рӯз офаридан барои он будааст, ки бандагони ӯ, чуноне ки дар тафсири Ибни Касир омадааст, дар корҳои худ бо фикру андеша ва суботкор бошанд. Арш бузургтарин махлуқи Парвардигор аст.
Мувофиқи мазҳаби салафи солеҳин ақли инсон аз дарки маънои калимаи «истиво» дар ин оят ва дигар оятҳои мисли он оҷиз аст. Дар ин мазмун ҳадисҳо бисёранд. Аз он ҷумла, аз Умми Салама, модари муъминон чунин ривоят шудааст, ки эшон фармудаанд: “(калимаи) Истиво агарчи маҷҳул (номаълум) нест, локин ақли инсон ӯро дар ин боб иҳота карда наметавонад. Чунин иқрор кардан аз имон буда, инкори он куфр аст.” Шахсе аз Молик ибни Анас пурсид: “Чӣ гуна Худои таъоло бар Арш истиво ёфт? Молик ибни Анас (р) гуфтанд. Калимаи истиво дар луғат маълум аст, локин чигунагии он маҷҳул аст ва имон ба он воҷиб ва аз чигунагии он савол кардан бидъат аст.” Ин аст мазҳаби салафи солеҳин дар ин боб. Арш дар луғат тахт (арк)-и ҷаҳондориро ифода мекунад. Дар идомаи ояти мазкур омадаст, ки Ҳаққтаъоло Зотест, ки фармонравоии осмонҳо, Замин, Арш ва ҷамиъи махлуқотро мувофиқи тақозои ҳикмат ва тадбири Хеш сомон медиҳад. Ин ҳақиқат махфӣ нест.
Ҳеҷ гуна зоте ғайри Ӯ наметавонад дар сарнавишти инсонҳо дахолат кунад. Иқтидори Ӯ чунон бузург аст, ки дар он рӯз (рӯзи Қиёмат) ҳеҷ шафоъаткунандае вуҷуд надорад, ки бе иҷозаи Парвардигор даст ба шафоъат занад. Ӯ Зотест сазовори ибодат, бояд чунин Зоти ягонаро парастиш кард, на ғайри Ӯро. Чунин аст Парвардигори шумо, чаро аз ин андарзҳо панд намегиред?
Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «