Сураи Юнус Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Юнус Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Юнус Ояти 2

أَكَانَ لِلنَّاسِ عَجَبًا أَنْ أَوْحَيْنَا إِلَىٰ رَجُلٍ مِنْهُمْ أَنْ أَنْذِرِ النَّاسَ وَبَشِّرِ الَّذِينَ آمَنُوا أَنَّ لَهُمْ قَدَمَ صِدْقٍ عِنْدَ رَبِّهِمْ ۗ قَالَ الْكَافِرُونَ إِنَّ هَٰذَا لَسَاحِرٌ مُبِينٌ ٢

Акона ли-н-носи ъаҷабан ан авҳайна ило раҷули-м минҳум ан анзири-н-носа ва башшири-л-лазӣна оману анна лаҳум қадама сидқин ъинда Раббиҳим. Қола-л кофируна инна ҳозо ла соҳиру-м мубӣн. 2.

2. Оё барои мардум шигифте ҳаст, ки ба сӯйи марде аз онҳо ваҳйе фиристодем? Мардумро бим деҳ ва касонеро, ки имон овардаанд, ба он ки барои онҳо назди Парвардигорашон қадами сидқе (мартабаи олие) ҳаст, башорат деҳ! Кофирон гуфтанд: «Ҳаройина, ин шахс ҷодугари ошкор аст».

Аллоҳтаъоло зимни ояти 6-уми сураи «Тағобун» аз амали нодурусти умматҳои пайғамбарони гузашта (вақто ки пайғамбарон онҳоро ба роҳи рост даъват намуданд, онҳо дар ҷавоб гуфтанд: оё мисли мо инсоне моро роҳбарӣ карда, моро ба роҳи рост ҳидоят мекунад?) хабар дода буд. Инчунин дар сураи “Аъроф”, ояти 63-ум аз аҳволи қавми Ҳуд ва Солеҳ (а) хабар дод, ки вақте онҳо қавми худро ба роҳи худошиносӣ даъват карданд, чунин гуфтанд: Оё тааҷҷуб кардед, аз он ки омад шуморо панде аз ҷониби Парвардигори шумо фурудомада бар забони марде аз шумо, то бим кунад шуморо, то ин ки парҳезгорӣ кунед, шояд ки шуморо меҳрубонӣ карда шавад?. Ё вақто ки Пайғамбари Аллоҳ қавми худро ба сӯйи яктопарастӣ даъват кард, чуноне ки дар сураи «Сод», ояти 9-ум омадааст, онҳо гуфтанд: Оё гардонид Худоҳои мутаъаддидро як Худо? Ҳаройина, ин чизест аҷиб!

Хулоса, Аллоҳтаъоло дар ин оят ба таври умум касонеро ки дар афъолу гуфтори Пайғамбари Аллоҳ таъаҷҷуб карда, итоъат намекунанд маҳкум ва мавриди сарзаниш қарор додааст. Зеро ин ҳикмати Парвардигор аст, ки барои он ки инсонҳо улфат гирифта тавонанд, аз фариштагон ё аз ҷиниён пайғамбаре нафиристод, балки як нафареро аз ҷинси худашон дар сифати пайғамбарӣ баргузид ва ваҳйи худро ба воситаи фаришта ба ӯ расонид. Мардумро роҳи дурусти худошиносиро омӯхт. Аз ин гуна ҳикматҳо ҳеҷ ҷойи таъаҷҷуб нест. Аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки вақто Аллоҳтаъоло Муҳаммад (с)-ро дар сифати пайғамбар фиристод, пайғамбарии ӯ (с)-ро арабҳо инкор карда гуфтанд: “Аллоҳ бузург аст аз ин ки Расули Худро мисли Муҳаммад (с) барои ҳидояти мардум аз ҷинси инсон фиристад.”

Ҳамоно Аллоҳтаъоло ояти мазкурро фиристод ва дар он эътирози онҳоро инкор намуда фармуд, ки оё ин ҷойи тааҷҷуб аст, ки барои ҳушдори мардум ба сӯйи марде, ки аз ҷинси худи онҳост, паёми Худро фиристем, то ин ки бо он паёмҳои ҳаққе, ки дар Қуръон аст, бо таври ҳушдоромӯз онҳоро бим диҳаду аз азоби Аллоҳ онҳоро битарсонад ва ба онҳое, ки имон оварданду амалҳои солеҳро тақдим карданд, назди Парвардигорашон мартабаи баланд ва подоши хубе доранд, башорат диҳад? Аммо кофирон инро қабул накарданд, ба дурӯғгӯй пардохта, гуфтанд: ҳамоно ин мард (Муҳаммад) ҷодугари ошкор аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Юнус Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Юнус Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)