Тафсири Сураи Юнус Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юнус Ояти 30
هُنَالِكَ تَبْلُو كُلُّ نَفْسٍ مَا أَسْلَفَتْ ۚ وَرُدُّوا إِلَى اللَّهِ مَوْلَاهُمُ الْحَقِّ ۖ وَضَلَّ عَنْهُمْ مَا كَانُوا يَفْتَرُونَ ٣٠
Ҳуналика таблу куллу нафси-м ма аслафат. Ва рудду илаллоҳи мавлаҳуму-л-ҳаққ. Ва Залла ъанҳум-м ма кану яфтарун. 30.
30. Он ҷо ҳар шахсе он чӣ пеш фиристода буд, дарёбад ва (ҳама) ба сӯйи Худо Молики ҳақиқии онҳост, бозгардонида шаванд ва аз онҳо он чӣ ба дурӯғ шарики Худо қарор дода буданд, гум гардад.
Ояти мазкур давоми ояти қаблӣ буда, дар он Худованд саҳнаи дигареро аз қиёмат ба намоиш гузошта фармудааст, ки дар он макон ё дар он замон, ҳар кас ҷазо ва ё подоши амалеро, ки пеш фиристодааст, дар меёбад.
Оё он амали пешфиристода зишт буд ё зебо, судманд аст ё зиёновар, мавриди қабули даргоҳи илоҳӣ қарор гирифтааст ё не, вазн дорад ё мисли коҳ сабук аст? Хулоса, чи ибодаткунандагон ва чи маъбудони гумроҳ, ки мардумро ба ибодати хеш даъват карданд, хоҳ мушрик бошанд ва хоҳ муъминон, ҳама ва ҳама дар он рӯз натиҷаи ибодати амалҳои худро мебинанд.
Дар он рӯз тамоми бутҳо ва маъбудҳои бардурӯғ сохташудаву шарики Худо қарор додашуда ба куллӣ аз назарашон ғайб мезананд. Ҳама мардум ба сӯйи Аллоҳе, ки мавло (соҳиб)-и ҳақиқии онҳост, боз мегарданд. Ҳама мебинанд, ки додгоҳи маҳшару идора ва ҳукумати он, танҳо зери фармони Ӯ таъоло қарор дорад, на зери итоати бутҳои сохташуда.
Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «