Тафсири Сураи Юнус Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юнус Ояти 35
قُلْ هَلْ مِنْ شُرَكَائِكُمْ مَنْ يَهْدِي إِلَى الْحَقِّ ۚ قُلِ اللَّهُ يَهْدِي لِلْحَقِّ ۗ أَفَمَنْ يَهْدِي إِلَى الْحَقِّ أَحَقُّ أَنْ يُتَّبَعَ أَمَّنْ لَا يَهِدِّي إِلَّا أَنْ يُهْدَىٰ ۖ فَمَا لَكُمْ كَيْفَ تَحْكُمُونَ ٣٥
Қул ҳал мин шуракаикум-м ма-я яҳдӣ ила-л-ҳаққ. Қулиллаҳу яҳдӣ лил ҳаққ. А-фа ма-я яҳдӣ ила-л-ҳаққи аҳаққу ая юттабаъа амма-л ла яҳиддӣ илла ая юҳда. Фа ма лакум кайфа таҳкумун. 35.
35. Бигӯ: «Оё аз шарик (бут)-они шумо касе ҳаст, ки ба сӯйи ҳақ роҳ намояд? Бигӯ: «Аллоҳ ба сӯйи ҳақ роҳ намояд». Оё касе ба сӯйи роҳи ҳақ ҳидоят кунад, Ӯ сазовортар аст, ки пайравӣ карда шавад ё касе, ки худ роҳ намеёбад, магар ин ки ӯро роҳ нишон дода шавад? Пас, чист шуморо? (Ба шумо чӣ шуд?) Чӣ гуна ҳукм мекунед?
Ояти мазкур бо тарзи махсуси саволгузорӣ барои мушрикон саркӯби дигарест. Дар он Аллоҳтаъоло Ҳабиби Худ (с)-ро фармуд, ки ба мушрикон бигӯ, ки оё аз ин худоҳои сохтаи худ, ки онҳоро ибодат мекунед ва пеши онҳо сар фурӯ меореду аз онҳо мурод мехоҳед, яке аз онҳо ҳаст ки гумроҳеро роҳи рост нишон диҳад ё мардумро ба сӯйи дини Ислом даъват кунад? Албатта, онҳо ҷавоби манфӣ дода, дар посух не мегӯянд. Вақто ки онҳо аз посух оҷиз шуданд, ба онҳо бигӯ, ки Худост, ки ба василаи фиристодани пайғамбарони Худ (а) ва бо нозил кардани китобҳояш қодир аст, ки ҳақро баён кунад, гумроҳеро ҳидоят кунад ва роҳи ҳаққро барои ҳидоятшавандагон нуронӣ созад.
Дар давоми оят Худованд, Расули Худ (с)-ро фармуд, ки ба мушрикон бигӯ, ки оё касе (Худое), ки мардумро ба сӯйи ҳақ ҳидоят мекунад, ба пайравӣ кардан сазовортар аст ё парастиши чизе, ки то дигарон ӯро аз ҷое ба ҷое набаранд аз ҷояш намеҷунбад, ҳатто бо қувваи худ наметавонад пашшаеро аз рӯйи худ дур кунад, шоистатар аст? Шуморо чӣ шуд ва ин чӣ гуна қазоват аст, ки чизи нолоиқеро шарики Худои Субҳон қарор медиҳед? Оё ақлҳои шумо табоҳ шудааст, ки байни Худо ва офаридаи Ӯ баробарӣ қоил мешавед? Вой бар ҳоли шумо худошиносон!
Ояти зер боз ҳам ақидаи ботили мушриконро баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «