Сураи Юнус Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Юнус Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Юнус Ояти 38

أَمْ يَقُولُونَ افْتَرَاهُ ۖ قُلْ فَأْتُوا بِسُورَةٍ مِثْلِهِ وَادْعُوا مَنِ اسْتَطَعْتُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ ٣٨

Ам яқулунафтараҳ. Қул фаъту би сурати-м мислиҳӣ вадъу манистатаътум-м мин дуниллаҳи ин кунтум содиқӣн. 38.

38. Оё (мушрикон) мегӯянд: «Онро (Расули Мо аз назди худ) барбастааст?» Бигӯ: «Агар ростгӯ ҳастед, пас, сурае монанди он биёред ва ба ғайри Аллоҳ (ба ёрии худ) ҳар киро тавонед, бихонед!».

Ояти мазкур посухи суханҳои нораво ва бемавриди мушрикон аст, ки онҳо ба Пайғамбари Аллоҳ туҳматҳо зада гуфтанд, ки Муҳаммад Қуръонро бо фикри худ сохтаасту мегӯяд, ки он аз ҷониби Худост. Ояти мазкур фикри фосиди онҳоро радд кардааст, ки оё мушрикон мегӯянд, ки Расули Мо (с) Қуръонро аз назди худ сохта, мегӯяд, ки ин аз ҷониби Худост? Агар чунин бошад, ба онҳо бигӯ, ки шумо низ дар шинохтани забони арабӣ ва дар фасоҳату балоғат ва ҳусни санъати он монанди ман ҳастед, агар шумо рост мегуфта бошед, ки Қуръон бофтаи ман аст, сураеро монанди сураи Қуръон созед. Барои иҷрои ин амал ба ғайри Аллоҳ, ҳар ҳунарваре, ки дар қабилаҳои араб бошад, барои ёрӣ бихонед, то ҳама бо ҳам мисли сураҳои Қуръон сураеро нависед! Агар сурае навишта тавонистед ва он чун сураҳои Қуръон муъҷизаосо бошад, онгоҳ даъво кунед, ки ин сохтаву бофтаи Муҳаммад (с) аст.

Дар ҷавоби ин суханҳои мунсифона, на ин ки онҳо баҳсу ҷидол карда наметавонанд, балки як ояте, ки мисли оятҳои Қуръон бошад, ба майдони баҳсу талош тақдим карда ҳам наметавонанд. Оҷизии онҳо аз шунидани ин суханҳо ошкор шуд, локин боз ба далелҳои бетакягоҳи худ боқӣ монда, пайи дигар баҳонаҳо рафтанду таслим нашуданд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Юнус Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Юнус Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)