Тафсири Сураи Юнус Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юнус Ояти 40
وَمِنْهُمْ مَنْ يُؤْمِنُ بِهِ وَمِنْهُمْ مَنْ لَا يُؤْمِنُ بِهِ ۚ وَرَبُّكَ أَعْلَمُ بِالْمُفْسِدِينَ ٤٠
Ва минҳум-м ма-я юъмину биҳӣ ва минҳум-м ма-л ла юъмину биҳ. Ва Раббука аъламу би-л-муфсидӣн. 40.
40. Ва аз онон касест, ки ба вай (Қуръон) имон меорад ва аз онҳо касест, ки ба вай имон намеорад. Ва Парвардигори ту ба муфсидон донотар аст.
Аз ояти қаблӣ маълум шуд, ки мушрикони кӯтоҳандеш натавонистанд дар шаъни Қуръон ва далелҳои аҷиби он аз самими қалб кӯшиш кунанд, қувваи ақли хешро дуруст ба кор баранд ва ё интизори вуқӯи хабарҳои ғайбии он шаванд. Аз ин рӯ ба дурӯғ ҳисобидани он пардохтанд.
Ҳоло ояти таҳти назар ба ду гурӯҳи мушрикон ишора карда, чунин фармудааст, ки эй Расули Мо (с), ҳамаи аъзои қавме ки мо туро сӯйи онҳо ба сифати пайғамбар фиристодем, дар ширки худ боқӣ намемонанд. Балки дар ниҳоди баъзе онҳо руҳи ҳақталабӣ вуҷуд дорад. Онҳо ҳақро инкор намекунанд, ба суханҳои ту бовар карда ба Қуръон имон меоранд ва тобеъи ту мешаванд. Аз ҳарчи, ки ту аз назди Аллоҳ овардаӣ ва ба онҳо мегӯи бархурдор мегарданд ва медонанд, ки Қуръон барҳақ сухани Парвардигор аст.
Аммо баъзе аз онҳо, ки дар вуҷудашон рӯҳи ҳаққталабӣ мурдааст, дар зоҳиру ботин Қуръонро тасдиқ намекунанд, то мурдан дар ҷаҳолати худ пофишорӣ карда имон намеоранд.
Дар натиҷа бозгашти чунин тоифа ба сӯйи Ҷаҳаннам аст. Касе, ки сазовори ҳидоят аст, Худованд ба роҳи росте, ки ӯро дохили Ҷаннат месозад, ҳидояташ мекунад. Касе, ки мӯҷиби залолат аст ва шоистаи ҳидоят нест, фасодкор буда, дар фосид кардани низоми ҷомеа нақши муассире дорад, Худованд ӯро ҳидоят намекунад. Аллоҳтаъоло барои онҳо ҷазои мувофиқро сазовор мебинад, зеро Ӯ таъоло муфсидонро хубтар мешиносад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «