Сураи Юнус Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Юнус Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Юнус Ояти 41

وَإِنْ كَذَّبُوكَ فَقُلْ لِي عَمَلِي وَلَكُمْ عَمَلُكُمْ ۖ أَنْتُمْ بَرِيئُونَ مِمَّا أَعْمَلُ وَأَنَا بَرِيءٌ مِمَّا تَعْمَلُونَ ٤١

Ва ин каззабука фақу-л лӣ ъамалӣ ва лакум ъамалукум антум бариуна мим ма аъмалу ва ана бариу-м мим ма таъмалун. 41.

41. Ва агар туро дурӯғ пиндоранд, пас бигӯ: «Марост амали ман ва шуморост амали шумо. Шумо аз он чи ман мекунам, безоред ва ман аз он чи шумо мекунед, безорам».

Дар оятҳои гузашта баҳси инкори мушрикон дар бораи Қуръон гузашт, ҳоло ояти мазкур бо ҷиддият ба Пайғамбар (с) таълими муборизаро алайҳи онҳо дода фармудааст, ки агар онҳо баъди шунидани ин ҳама далелҳо туро дурӯғгӯ ҳисобанд, даъвати туро иҷобат накунанд ва дар пиндори худ боқӣ бимонанд, ба онҳо бигӯ, ки ман вазифаи хешро ба поён расонидам, ҳар он чи амал мекунам, барои ман ва махсуси ман аст. Ҳар чи шумо амал мекунед, кори шумо ва махсуси шумост. Шумо масъули кирдорҳои худед, ман низ масъули кирдори худ ҳастам. Ман таблиғи илоҳиро ба шумо расонидам, бар уҳдаи ман таклифи дигаре нест. Аз он чи ман анҷом медиҳам, шумо безорӣ нишон медиҳед, ман ҳам аз шумо ва аз анҷоми амалҳои шумо безорам. На ман дар ивази амалҳои шумо пурсида мешавам, на шумо дар ивази амалҳои ман.

Чунин мазмун зери эзоҳи сураи “Кофирун” мегузарад. Онҳо бо ҳам дар маъно шабоҳат доранд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Юнус Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Юнус Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)