Сураи Юнус Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Юнус Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Юнус Ояти 44

إِنَّ اللَّهَ لَا يَظْلِمُ النَّاسَ شَيْئًا وَلَٰكِنَّ النَّاسَ أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ ٤٤

Инналлоҳа ла язлиму-н-наса шай-ав ва лакинна-н-наса анфусаҳум язлимун. 44.

44. Ҳаройина, Аллоҳ бар мардум чизе ситам намекунад, валекин мардуманд, ки бар худ ситам мекунанд.

Мушрикон норасоиҳои фикрӣ доранд ва он қадар кӯрдил ҳастанд, ки далелҳои равшанро дида наметавонанд ва он қадар ношунавое ҳастанд, ки сухани ҳақро намешунаванд. Охир онҳо аз модарашон кару кӯр таваллуд нашудаанд, то баҳонаҳо кунанд, ки Худо моро чунин офаридаасту бар мо ситам кардааст. Балки Худои мутаъол бар онҳо ситам накарда, онҳоро ҳамроҳи узвҳои ҳисии солим офарид, то битавонанд дар сурати комилтарин ба хостаҳои худ бирасанду манофеи диниву дунявии хешро бароварда созанд ва чангу ғубори маънавие, ки дар дилу дидаи онҳо нишаста буд, бо пайравии Расулуллоҳ (с) дур созанд. Локин афсӯс, ки ба сабаби куфру гуноҳ, бар нафсҳои худ зулм карда, Пайғамбари Аллоҳ (с)-ро итоъат накарданд. Аллоҳтаъоло мардумро ҳеҷ гоҳ бе содир кардани гуноҳ, иқоб (азоб) намекунад. Мардуманд, ки бо содир кардани корҳои гуноҳ ва бо мухолифат бо амри Худо бар нафсҳои худ зулм мекунанд.

Дар “Саҳеҳ”-и Муслим бо ривояти Абӯзар (р) дар ҳадиси қудсӣ чунин омадааст, ки Расулуллоҳ (с) аз Парвардигори худ чунин ривоят кардааст:

«Ай бандагони Ман, албатта, зулмро бар нафси Худ ҳаром гардонидам. Байни шумо низ зулмро ҳаром гардонидам, ҳамдигарро зулм накунед!». Дар охири ҳадис омадааст. «Ай бандагони Ман, ҳама амалҳои шумо барои рӯзе андӯхта мешаванд ва онҳо ба шумо бе камукос дода мешаванд. Агар касе амалҳои худро нек ёбад, Худоро шукр гӯяд ва агар ғайри ин бошад, ба ғайри худ ҳеҷ касро маломат накунад».


Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Юнус Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Юнус Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)