Шухиҳои тоҷикона. Мақола ҳаҷвист. Агар ҳаҷвро намеписандед лутфан нахонед. Баъзе ҷумлаҳо лаҳҷавӣ оварда шудаанд.
Бисту чанд ҷумлаи зан, ки баъди он мард мехоҳад якбора ҳам хандаду ҳам гиря кунад… ва хомӯш меистад:

Ҳамин либоса пушум, фарбеҳим наметова-а, мардак?
Бамазза пухтам, оташ?
Ҳамун бачаи хушру, ки дар ТВ гап мезад ку, куҷо шуда бошад?
Фақат очам мегуфт, ки….
Чӣ, 400$ пули бисёр будай баъд?
Ҳама кора метонум!?
Чуба, мардак, ГАИшник намешавӣ?
«Татьянин день»-ро аз авали аввалуш нақлут кунум, мардак?
Зани ҳамсояра дарди кудак гирифтаст, ҳамуҷа фарёдум кардиян, бурам ку…!
Ҳамин қадар кор аз дастут омад?
Ман чӣ медонум, хаёл кардум, ки намешиканад!
Мардак, ҳамун ҷурата зануш чӣ тарӣ бошад?
Ман хаёл кардум, ки ихели кунум, ту хурсанд мешӣ?
Ҳамаи мардако ҳамин хел будиян!
Хай, мара ки нағз бинӣ, чуба намегирима?
Ҳаму таксист ягон вақт аз ман пул намегирад, мардак!
Як занаки ҳамкори мо мега, сметанара кати пиво аралаш карда хурӣ, фарбеҳ мешавӣ?
Ман ӯ гапа фақат Зебӣ-да гуфтум, вай ҳеҷ касда намегад, боварӣ дорум вайда ман!
Раис мега, ки муи сарут манда маъқул нест, ягон ранги дигар кун!
Камтаракак дер кардум-а, мардак!?
Ҳоли сад кас мара гирумай!
Ҳаму пули телефона нодуруст ҳисоб мекунанд. Наход ман дар як моҳ 142 сомонида гап зада бошум?!
Мардак, наход ҳаму занако вазифаи нағз гирану ту натонӣ!
Мардак, занако ҳам ГАИ-да «права» нишон метан?
Аз блоги Субҳон Ҷалилов (subhonjalilov.wordpress.com)
| ҲАМИН ГУНА ШУХИҲО ДАР ДИГАР МАҚОЛАҲОИ МО >>> |


