Тафсири Сураи Юнус Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юнус Ояти 48
وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا الْوَعْدُ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ ٤٨
Ва яқулуна мата ҳаза-л-ваъду ин кунтум садиқӣн. 48.
48. Ва мегӯянд: «Агар ростгӯ ҳастед, ин ваъда кай бошад?».
Аз мазмуни оятҳои қаблӣ маълум шуд, ки барои мушрикони ҳамасри Расулуллоҳ (с) азобе дар интизор аст. Дар ин оят Аллоҳтаъоло аз ҳоли онҳо хабар додааст, ки чун куффори Макка ин ишораро фаҳмиданд, онро ғайриимкон ҳисобида, бо як шитобзадагӣ бо тариқи тамасхур чизеро дархост намуданд, ки барои онҳо ба ғайри зиён ҳеҷ фоидае надошт. Онҳо бо ҳазён ба Расулуллоҳ (с) ё ба муъминон гуфтанд, ки шумо мегӯед, ки барои мо азобе ваъда шудаасту таҳдиди фуруд омадани он мекунед, ин дурӯғи маҳз аст. Агар шумо ростгӯ бошед, он кай пайдо мешавад? Чаро он азобро барои мо фавран намеоред? Ин ваъдаи шумо кай анҷом хоҳад шуд?
Ояти зер ҷавоби саволи онҳост.
Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «