Сураи Юнус Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Юнус Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Юнус Ояти 47

وَلِكُلِّ أُمَّةٍ رَسُولٌ ۖ فَإِذَا جَاءَ رَسُولُهُمْ قُضِيَ بَيْنَهُمْ بِالْقِسْطِ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ ٤٧

Ва ли кулли уммати-р-расул. Фа изо ҷаа расулуҳум қуЗия байнаҳум би-л-қисти ва ҳум ла юзламун. 47.

47. Ва ҳар умматеро пайғамбаре ҳаст. Пас, чун пайғамбарашон омад, миёни онҳо бо инсоф ҳукм карда шуд ва бар онҳо ситам карда нашавад.

Таҳдиду ваъид барои мушрикон ва тасаллӣ барои Расулуллоҳ (с), дар ин оят низ идома дошта, дар он Аллоҳтаъоло хабар додааст, ки барои ҳидояти ҳар уммате аз умматҳои гузашта пайғамбаре фиристодем, то ин ки он Пайғамбар (а) онҳоро ба сӯйи роҳи рост тавҳид (яктопарастӣ), дини ҳақ даъват кунад ва аҳкоми шариъати худро ба онҳо баён созаду фаҳмонад. Вақто ки пайғамбарон (а) ба сӯйи мардум дар чунин сифат фиристода шуданд, аксари мардум даъвати пайғамбарон (а)-ро дурӯғ ҳисобиданд ва алайҳи онҳо мубориза бурданд.

На худашон имон оварданд ва на гузоштанд, ки дигарон имон оранд. Дар натиҷа, Аллоҳтаъоло дар ҳамин дунё байни онҳо боадолат ҳукм кард. Яъе Аллоҳтаъоло Расулони Худ (а) ва муъминонро наҷот дод, дурӯғпиндорандагони муҷримро, бе он ки касе онҳоро зулм карда бошад, дар ивази гуноҳҳояшон бо азобҳои гуногун ҳалок сохт. Зеро одатуллоҳ чунон аст, ки пеш аз он ки расулонро байни мардум фиристад ва онҳо ҳукмҳои илоҳиро ба онҳо нарасонанд ва ё онҳо гуноҳе накарда бошанд, ҳеҷ қавме гирифтори азобу ҳалокат нашудаанд. Ҳарчи бар сари муҷримон (гунаҳкорон) омад, баъди инкори ҳуҷҷатҳои илоҳӣ омад.

Хулоса, мушрикон бояд дар ҳазар бошанд ва мисли умматҳои гузашта пайғамбарии пайғамбари асри худ (Муҳаммад (с) -ро дурӯғ наҳисобанд. Вагарна сарнавишти онҳо мисли мушрикони гузаштааст.

Муҷоҳид ва Ибни Касир дар шарҳи маънои ин оят чунин гуфтаанд: “Ин ҳукми одилонаи Аллоҳтаъоло байни онҳо дар Қиёмат барпо мешавад. Яъне ҳар уммате дар он рӯз назди Аллоҳтаъоло ҳозир карда шавад, ҳамроҳи онҳо пайғамбаронашон ҳузур доранд. Хоҳ хайр (нек) бошаду хоҳ шар (бад), номаи аъмолашон ҳамроҳи онҳост. Ҳамчунин фариштагони китфи росту чап дар он ҳолат ҳозиранд, онҳо ба фоида ва ё ба зиёни онҳо шоҳидӣ медиҳанд. Сипас одилтарини одилон (Аллоҳтаъоло) бо адли Худ байни онҳо бе кам кардани савобе аз онҳо ва бе зиёдатии азоб дар ивази гуноҳҳои онҳо ҳукм мекунад.” Чунин мазмунро дар ояти 69-уми сураи “Зумар” пайдо кардан мумкин.


Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Юнус Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Юнус Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)