Сураи Юсуф Ояти 105 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Юсуф Ояти 105 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Юсуф Ояти 105

وَكَأَيِّنْ مِنْ آيَةٍ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ يَمُرُّونَ عَلَيْهَا وَهُمْ عَنْهَا مُعْرِضُونَ ١٠٥

Ва ка-аййи-м мин аятин фи-с-самавати ва-л-арЗи ямурруна ъалайҳа ва ҳум ъанҳа муъриЗун. 105.

105. Ва басо аз нишонаҳоест дар осмонҳо ва Замин, ки онҳо бар он мегузаранд ва аз тааммули дар он оятҳо рӯйгардонанд.

Худованд дар ояти мазкур хабар медиҳад, ки чӣ бисёр нишонаҳое дар осмонҳо ва Замин ҳастанд, ки ба мавҷудияти Парвардигор, ягонагии Ӯ, қудрату бузургӣ ва дигар сифатҳои комили Ӯ таъоло далолат мекунанд. Аммо шахсоне, ки сифаташон дар оятҳои қаблӣ гузашт, на танҳо ба ту зиддият мекунанд, ба насиҳатҳоят гӯш намедиҳанд ва ба оятҳои Қуръон имон намеоранд, балки бо чашмони худ нишонаҳои олами ҳастиро мебинанд, лекин ба онҳо эътибор намедиҳанд, дар бораи онҳо андеша намекунанд. Худро ба ғафлат зада, аз назди онҳо чунон мегузаранд, ки гӯё мисли кӯр ҳеҷ чизро надида бошанд. Фикр намекунанд, ки ин аломатҳо офаридаи кадом Зоти бузург аст. Аз ин рӯ, онҳо ба Худо ва ба оятҳои Ӯ имон намеоранд.

Як мисол: мардум мешунаванд, ки бар миллатҳои саркаш ва имоннаовардаи гузашта, азоби Илоҳӣ воқеъ шуд, шаҳрҳояшон хароб гашта ва худашон ҳалок гаштанд. Боз ҳам ибрат намегиранду рафтори бади онҳоро натарсида такрор мекунанд. Ояти мазкур сифати касонеро, ки ба вуҷуди Худованд ва ба қудрату ҳикмати Ӯ бовар надоштанд, баён кард.

Ояти зер аз сифати касоне баҳс мекунад, ки ба вуҷуди Аллоҳ таъоло қоиланд, аммо дар баробари Ӯ таъоло чизеро шарик мегардонанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Юсуф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Юсуф Ояти 104 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Юсуф Ояти 106 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)