Тафсири Сураи Юсуф Ояти 108 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юсуф Ояти 108
قُلْ هَٰذِهِ سَبِيلِي أَدْعُو إِلَى اللَّهِ ۚ عَلَىٰ بَصِيرَةٍ أَنَا وَمَنِ اتَّبَعَنِي ۖ وَسُبْحَانَ اللَّهِ وَمَا أَنَا مِنَ الْمُشْرِكِينَ ١٠٨
Қул ҳазиҳӣ сабӣлӣ адъу илаллоҳ. Ъала басӣратин ана ва мани-т-табаъанӣ ва субҳаналлоҳи ва ма ана мина-л-мушрикӣн. 108.
108. Бигӯ: «Ин роҳи ман аст, ман ва пайравони ман бо ҳуҷҷати ошкор ба сӯйи Худо мехонем. Ва покӣ Худойрост ва ман аз ширковарандагон нестам».
Худованд дар ин оят ба ҳабиби Худ (с) фармуд, ки мушкирон хоҳ пазиранд, хоҳ не, ба онҳо бигӯ, ки роҳу равиши ман дини Ислом аст. Он дини дуруст аст. Дар дуруст будани он хеҷ шакку шубҳае нест. Роҳи ман ва роҳи шахсоне, ки пайрави мананд, роҳи росту роҳи фармудаи Худост. Мо аз тарафи Парвардигор ҳуҷҷати ошкоро дорем; Аз ин рӯ, бо боварии том мардумро ба сӯи дини Ислом ва ба сӯи ибодати Аллоҳ, даъват мекунем. Дар ақидаи мо Худованд аз доштани ҳаргуна ҳамто ва шарик пок аст. Хусусан ман аз ҷумлаи касоне, ки ба Ӯ таъоло ҳамтоён ва шарикон муқарар мекунанд, нестам. Ман як муъмини муваҳҳидам (яктопарастам) ва аз гурӯҳи ширкорандагон нестам. Мушрикон чун даъвати Расулуллоҳро мешуниданд, эрод мегирифтанд, ки ту чиҳо мегӯӣ? Расул набояд инсон бошад, балки лозим аст, ки ин гуна суханҳоро фаришта гӯяд. Ояти зер атрофи ин масъала сухан мегӯяд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Юсуф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «