Тафсири Сураи Юсуф Ояти 109 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юсуф Ояти 109
وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ إِلَّا رِجَالًا نُوحِي إِلَيْهِمْ مِنْ أَهْلِ الْقُرَىٰ ۗ أَفَلَمْ يَسِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَيَنْظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۗ وَلَدَارُ الْآخِرَةِ خَيْرٌ لِلَّذِينَ اتَّقَوْا ۗ أَفَلَا تَعْقِلُونَ ١٠٩
Ва ма арсална мин қаблика илла риҷалан-н-нуҳӣ илайҳим-м мин аҳли-л қура. А-фалам ясӣру фи-л-арЗи фаянзуру кайфа кана ъақибату-л-лазӣна мин қаблиҳим. Ва ладару-л ахирати хайру-л лил лазӣнаттақав. А-фа ла таъқилун. 109.
109. Ва Мо пеш аз ту нафиристодем магар мардонеро аз аҳли деҳаҳо, ки ба онҳо ваҳй мефиристодем. Оё сайр накарданд дар Замин, то медиданд охири кори ононе ки пеш аз онҳо буданд, чӣ гуна шуд? Ва ҳаройина, сарои охират барои парҳезгорон беҳтар аст, оё намеандешед?
Вақте ки Расулуллоҳ (с) ҳақ будани роҳи пешгирифтаашро ба мушрикон фаҳмонд, дар фикри он буд, ки онҳо ба ин роҳи саҳеҳ ба сӯйи Худои ягона боз гарданд. Аммо мушрикон мегуфтанд, ки пайғамбар бояд аз ҷинси фариштагон бошад. Аз шунидани ин гуна суханҳо Расулоллоҳ (с) маҳзун шуд. Аллоҳ таъоло дар ҳол ҳабиби Худ (с)-ро тасаллӣ дода, дар ин оят фармуд, ки ба сухани мушрикон эътибор надиҳад. Зеро пайғамбарони гузашта ҳам мисли ӯ инсон буданд. Ҳеҷ вақт Худованд фариштаеро барои ҳидояти инсонҳо пайғамбар карда нафиристодааст. Ҳар пайғамбаре омада бошад, албатта, аз ҷинси мард аст ва аз мардуми шаҳр аст, аз аҳли бодия нест. Зеро аҳли шаҳр нисбат ба аҳли деҳа тарбияи хуб доранд ва соҳиби сифатҳои тамаддунӣ мебошанд. Аз ҷинси зан ҳам Худованд пайғамбар нафиристодааст, зеро зан табиъатан ва ҷисман барои иҷрои чунин вазифаи вазнин мувофиқ намеояд. Кофироне, ки Пайғамбари охиру аз замон (с)-ро инкор кардаанд, чаро дар рӯйи замин сайру гашт накарданд то бо дидаи эътибор бубинанд, ки бар сари инкоркунандагони пайғамбарони гузашта чӣ навъ бало ва офатҳои Худованд омадааст? Онҳо ба кадом навъи азоб аз беху бун нобуд шуданд ва ба хок яксон гаштанд? Оре! Бо дидани оқибати кори онҳо қалби ҳар инсони оқил ба ларза медарояд. Лекин шахси нодон ва саркаш ба он ҳодисаҳои даҳшатовар афсӯс, ки эътибор намедиҳад ва дар гумроҳӣ боқӣ мемонад.
Сипас дар давоми оят Худованд чунин шахсонро танбеҳ дода гуфтааст, ки дар ин дунё насиби кофирону мушрикон зиндагии гуворо бошад. Лекин дар охират роҳат ва лаззати абадии Ҷаннат хос барои касонест, ки ба суханҳои ҳаққи Пайғамбар (с), пурра бовар мекунанд, аз куфру ширк безорӣ мегӯянду парҳезгоранд. Дар ҷумлаи охири ояти мазкур омадааст: «…, оё намеандешед?». Оре! Дунё сароест нопойдор, саросар омехта бо мусибатҳо, аламу дардҳо ва балоҳо. Ҳар чи қадар айши гуворо дошта бошад ҳам, аз ин мусибатҳо холӣ нест. Чаро мардум ба насиҳатҳои қуръонӣ эътибор намедиҳанд, то некбахтиҳои охиратро соҳиб шаванд? Оре! Даромадан ба Ҷаннат кори осон нест. Аҷоиб дунё! Дар он муъминҳо, ҳатто Пайғамбарҳо (а), ба тазйиқи кофирон рубарӯ мегарданд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Юсуф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «