Сураи Залзала (Зилзол) Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Залзала / Зилзол Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Залзала Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

اِذَا زُلۡزِلَتِ الۡاَرۡضُ زِلۡزَالَهَا ١

Иза зулзилати-л-арЗу зилзалаҳа. 1.

1. Ҳар вақто Заминро ба ҷунбонидани сахттарин ларзаҳояш ларзонда шавад.

Худованд рӯзи қиёмат Заминро хеле сахт меҷунбонад. Яке аз аломатҳои он рӯзи бадҳайбат ҳамин заминҷунбӣ аст. Замин бо ин қадар бузургӣ ва вазниниаш чунон бошиддат меҷунбад, ки ҳама чизи дар сатҳаш мавҷуд буда вайрон мешавад. На ягон бино мемонад, на ягон иншоот. Ҳатто кӯҳу теппаҳо реза-реза мегарданд. Аз дарахт ва дигар растаниҳо нишоне намемонад. Хулоса, ҳама ба хок яксон мешаванд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Залзала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Залзала (Зилзол, Зилзила) – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Залзала Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)