Сураи Залзала Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Залзала Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Залзала Ояти 5

بِاَنَّ رَبَّكَ اَوۡحٰى لَهَا ٥

Би анна Раббака авҳа лаҳа. 5.

5. Ба сабаби он ки Парвардигори ту ба Замин ҳукм фиристодаст.

Сабаби ҳамаи амалҳои махфии (пӯшидаи) бандагонро ошкор кардани Замин, фармони Аллоҳтаъоло аст. Зеро Худованд дар он асно ба Замин амр мекунад, ки эй Замин аз ҳама амалҳои дар рӯйи (болои) ту содиркардаи бандагон хабар деҳ.

Аллоҳтаъоло ба ҳама кор қодир аст. Замин аз гунаҳкорон ва аз гуноҳи содиркардаашон шикоят карда, алайҳи онҳо шоҳидӣ медиҳад. Аз итоъаткорон шукргузорӣ карда, ба онҳо сано мехонад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Залзала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Залзала Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Залзала Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)